Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа
раш. Ба Худо, ки сер шудаам аз ҷонаки ширинам. Ту бовар намекунӣ, апа...
– Ҳай-ҳай, дониста дурӯғ мегӯӣ, а! — аз табақча як дона мавиз гирифта, хандон ба даҳон мебарад Шаҳзода. Пас ба фарзандони ӯ менигарад, ки ҳоло саропо гӯшу ҳуш гардида, кунҷковона дар курсӣҳои дигар менишастанд. — Шимо акнун мардак шудаед; хезед, рафта дур-дур бозӣ кунед. Ба гапи мо, занҳо, ҳавас мондан шарт нест. Хезед, ҳа-а... зудтар!
Писаракон хоҳам-нахоҳам ба хонаи шафат мегузаранд.
Ситора чойникро пештар гирифта, як пиёла чой мерезад.
– Ширгарм...
– Ташвиш накаш, дилам чизе намехоҳад, — мегӯяд Шаҳзода, маънидор табассум карда. — Ана, мавиз чашидам... Исто, ки ин навъашро аз куҷо ёфтӣ?
– Пур аст бозор. Қоидааш, ман барои қишлоқиҳо алоҳида харид мекунам. Арзон бошад... Ҳозир аз баширааш меорам, аз нағзи нағзаш, — зуд аз ҷой хестан мехоҳад Ситора. — Аслан ҳамин кифоя буд ба онҳо. Гаҳвораашон аз осмон наомадааст.
– Лозим не, наҷунб. Гуфтам-ку: дилам ҳеҷ чиз намекашад. Дар мактаб каме асабӣ шудам. Ҳоло, чӣ хеле ки худат гоҳо ба забон меорӣ, як «разбор» карданиам.
– Ба ман?!
– Бале, ба ту.
– Кошки... Аз рӯзе ки панҷ сол пеш ҳамсоя шудем, туро ба ҷои апаам медонам, шавҳарат — ба ҷои акаам. Шумо, охир, аз ман калонтаред, батаҷрибаед. Боз ин ки, аз тарзу тариқи ҳаёти

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё