Зеҳн
МАКТАБИ СИЁСИЮ ДАВЛАТДОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ– ЧАРОҒИ РОҲИ РУШДУ ТАРАҚҚӢ

Бахшида ба 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 29 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Аз ин рў Эмомалӣ Раҳмони рўзҳои нахустини Сарвари давлат интихоб шуданашро метавон ба табиби дилсўзе монанд кард, ки омадааст, то бемориҳо ва захмҳои ҷомеаро дармон кунад, ба муаллими ахлоқ ташбеҳ кард, ки ба мардум дарсҳое аз ормонҳои баланди дўстӣ, бародарӣ, меҳанпарастӣ ва устувор буданро дар роҳи расидан ба ҳадафҳои олии истиқлолу озодӣ медиҳад.
Дар баробари ин вижагиҳо Эмомалӣ Раҳмон аз хусусияти муҳими дигаре бархӯрдор аст, ки сиёсатшиносон онро ғаризаи сиёсӣ меноманд. Баҳраманд будан аз ғаризаи қавии сиёсӣ ва доштани қудрати таҳлили саҳеҳу дақиқ ва огоҳӣ аз падидаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба Пешвои миллат кумак мекунад, ки авлавиятҳоро дар кишвар ба хубӣ ташхис дода, барои ҳалли мушкилот ва пешбурду тараққии давлат иқдомҳои зарурӣ ба амал оварад.
Ин воқеият, ки дар Тоҷикистон тамоми нақшаю барномаҳои давлатӣ дар замон ва муҳлати пешбинишуда амалӣ мегарданд, ба шарофати ҳамин вижагии олии Пешвои миллат мебошад. Ҳунари волои сиёсии Сарвари давлат дар он аст, ки бо ояндабинии фавқулода авлавиятҳоро мешиносад ва ҳама тадбирҳои лозимро меандешад, то мушкилиҳо Ҳукуматро ғофилгир накунанд. Ҳар як аз ин корҳои бузургу бунёдӣ – эҳёи босуръати асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат, қабули Конститутсия, бунёди артиши миллӣ, татбиқи ислоҳоти соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлат ва ҷомеа, сохтмони неругоҳҳои бузурги барқ, ба муомила баровардани пули миллӣ ва садҳо иқдоми созандаи дигар – бо тамаркуз ба авлавиятҳо ва дарки таъхирнопазирии онҳо сурат гирифтаанд.

пешина
аз 29
навбатӣ