Зеҳн
МАКТАБИ СИЁСИЮ ДАВЛАТДОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ– ЧАРОҒИ РОҲИ РУШДУ ТАРАҚҚӢ

Бахшида ба 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 29 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Аз ин рў Пешвои миллати мо на танҳо пешбару роҳнамои мардуми Тоҷикистон, ҳамчунин эҷодкори андешаҳои нав, мактаби сиёсии нав ва роҳу равиши нави давлатдорӣ аст.
Мактаби сиёсии ин шахсияти бузург мардуми кишварро ба пуштибонии сулҳу ваҳдат, эҷоду устуворсозии низоми одилонаву оқилонаи муносибатҳои иҷтимоиву фарҳангӣ ҳидоят менамояд. Ин мактаб чароғи роҳ ва нурафкани масири пешрафти кишвар ва ормонҳои мардуми Тоҷикистон барои марҳалаи кунунӣ ва давронҳои оянда аст.
Муҳимтарин нукта дар баррасии нақшу аҳамияти мактаби сиёсии Пешвои миллат дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ин аст, ки мактаби сиёсии Эмомалӣ Раҳмон муҳимтарин омили шакл гирифтани шахсияти Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчун Пешвою Роҳнамои миллат мебошад.
Аҳамияти баррасии ин мавзӯъ махсусан ба ин ҷиҳат аст, ки иродату ихлос ба Пешвои миллат, ки имрўзҳо дар қалбҳои мардум мавҷ мезанад, на танҳо арҷгузорӣ ба мақоми сиёсии волои ў ҳамчун поягузори давлатдории навин ва асосгузори сулҳу ваҳдати миллист, балки пештар аз ҳама ва бештар аз ҳама таҷаллии эҳтироми миллат нисбат ба Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ба ҳомии истиқлоли давлатӣ, таҳкимгари арзишҳои волои давлатдорӣ, фарҳангӣ, маънавию ахлоқӣ ва таблиғгари бузурги ин арзишҳои зиндагисоз мебошад. Ба баёни дигар, муҳаббату иродати мардуми кишвар ба Эмомалӣ Раҳмон муҳаббату иродат ба такягоҳ, пешво ва муаллими ҷомеа аст.
Рози пазириши Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби мардум ба сифати такягоҳ, пешво ва муаллими ҷомеа, агар, аз як тараф, вобаста ба эътимоди мардуми ҳақшиносу наҷиби Тоҷикистон бошад, аз тарафи дигар, ба анъанаҳои ахлоқию маънавии миллати куҳансоли мо такя мекунад.

пешина
аз 29
навбатӣ