ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа
Зуд моро бо мўйсафедони дигар шинос кард ва ба хонааш даъват намуд. Се рўз мо меҳмони азизи кўлобиён будем. Бори аввал дар ин сафар таъми нашоиста ном таъомеро чашидем, ки лаззати он аз ёдамон намеравад. Дар ин сафар чандин ҷойҳои таърихиро аз наздик дидем. Осорхонаҳо, қалъаҳо, кўҳҳои намак моро ба ҳайрат оварданд. Баъди боздиди ноҳияи Муъминобод ва Восеъ баргаштем ва хотираи ин сафар моро ҳамеша ҳамроҳӣ мекунад.
Сеҳри қалами Наққош моро меҳмони азизи сокинони шаҳри Кўлоб гардонд.
Яке аз паҳлўҳои доманадори фаъолияти Иброҳими Наққош таҳияи китобҳои мондагорест, ки то имрўз касе онро анҷом надодааст. Соли 2009 ў китоби «Қиссаҳо аз рўзгори Имоми Аъзам»- ро таълиф намуд. Ин китоб серхаридортарин китоби давр буд. Дар ин китоби тадвинкардааш дар баробари ҳикоят ва ривоятҳо ашъори ирфонии худ ва ҳаммаслаконашро ҷой дод. Дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ аз ин китоб истифода мебурданд ва ашъори дар он ҷойдоштаро ҳофизон месуруданд.
Баъди нашри ин китоб китоби дигареро бо номи «Фарзанди қарни 20» таълиф намуд, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст ва чун замима беҳтарин сурудаҳои шоир дар он ҷой дорад. Ин китоб, ки бо теъдоди зиёде интишор шуда буд, дар андак муддат ба фурўш рафт. Хаёл мекунам, ки ин китоб барои омўхтани ҳаёт ва эҷодиёти Турсунзода беҳтарин сарчашма аст.
«Қиссаҳо аз рўзгори Иброҳими Адҳам», «Луқмони Ҳаким», «Адаб тоҷест аз нури Илоҳӣ» ва ғайра аз беҳтарин таълифоти Наққош мебошанд.
Дигар паҳлўи эҷодиётти муҳаққиқро таҳияи китобҳои нодир ташкил медиҳад.
Дар ибтидои фаъолияти хеш ў баёзҳо омода мекард, вале бо ин иктифо накард.
Соли 2016 китоби калонҳаҷме бо номи «Ашъори дилпазир»-ро ба табъ расонд.
Ин китоб намунаи ашъори садҳо нафар шоири ошною ноошноро фаро мегирад. Дар ин китоб муҳаққиқ ба тариқи мухтасар ашъори Осафии Ҳиравӣ ва Назирии Нишопуриро ҷой додааст, ки бори аввал хонандаи тоҷик ба намунаи осори онҳо шинос мешавад. Чанд сол пеш дар шаҳри Қурғонтеппа «Девон»-и Осафии Ҳиравӣ ба табъ расид, вале дастраси хонандагон нест.Бар замми ин китоб хеле пурғалат аст. Аз ин рў ин китоб хеле пураҳамият аст.
Дар ин китоб бори аввал китоби «Туҳфатулворис» ҷой дода шуд, ки ҳазорҳо шоҳбайтро фаро мегирад. Ин шоҳбайтҳо моли шоирони сабки ҳиндист.
Китоби дигари ў «Ҳазор ғазал аз сад шоир» мебошад, ки дар ин китоб аксари намунаҳо бори аввал бо хати русиасос рўи чоп омадаанд.
«Девон»-ҳои Муиниддини Миравӣ ва Абдуқодири Ҷелониро дар таҳияи хеш ба нашр расонд ва хонандаро ба номи онҳо ошно гардонд.
Рубоиёти Шайх Абусаиди Абулхайр ва Бобо Афзали Кошониро ба тариқи мукаммал ба табъ расонд. Айни ҳол «Баёзи мукаммали рубоиёт»- ро дар ҷилдҳои зиёд, даҳҳо китобҳои ирфонӣ ва девонҳои шеърро ба чоп омода намудааст, вале тангдастӣ имкон намедиҳад, ки онҳоро ба табъ расонад.
Ҳоло ў барои китоби «Тазкираи ғазалсароён» мавод ҷамъ карда истодааст. То имрўз ў 2500 ғазали нобро аз ашъори адибони қарнҳои гуногун гирд овардааст.
Барои ҷамъ овардани мавод бо садҳо одамони касбу корҳои гуногун аз наздик шинос шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё