Зеҳн
ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Заргар:
Заргарам, заркораму зарпарварам,
Ҳар замоне нақши нав меофарам.
Созамат аз зар аҷаб ангуштарин,
Ҷо диҳам номи хушатро дар нигин.
Зеби гардан мешавад марҷони ман,
Дастбанди ту, лаби хандони ман.
Нақши ман монад ҳамеша дар ҷаҳон,
Дилбарон оранд номам бар забон.

Гаҳворасоз:
Бин, ту ин гаҳвораи заррини ман,
Тифл меҷўяд зи он роҳи Ватан.
Созамаш бо шавқ ман аз чўби бед,
То шавад роҳи ҳама тифлон сафед.
Модарон гаҳвораҷубонӣ кунанд,
Меҳри дил бар тифл арзонӣ кунанд.
Болам аз ин касбу кору ин ҳунар,
Кард манро назди мардум мўътабар.

Тоқидўз:
Эй нигори тоқидўзам, марҳабо,
Захми сўзан нест бар дастат раво.
Дасти гулдўзи туро қурбон шавам,
Меҳри ту дар синаам бигрифт ҷо.
Тоқият бар мардҳои тоқипўш,
Хуш бувад дар кўчаҳои шаҳри мо.
Ошиқи дастони сеҳрангези ту,
Ин ҷавонони хуши даврони мо.

Ҷомадўзу фўтадўз:
Эй нигори ҷомадўзи нозанин,
Нақши дасти туст хело дилнишин.
Раста-раста боз меҷўям туро,
Қадди ман бо чашми зебоят бубин.
Аз бароям ҷомаи зебо бидўз,
Фўтаи хушнақш бошад дилнишин.
Ҷомаат пўшам дар ин базми тараб,
Гўямат аз қаъри ҷонам «Офарин».

Тоқидўз:
Бо муҳаббат тоқидўзӣ мекунам,
З-ин ҳунар бар хеш рўзӣ мекунам.
Машғулам бар ин ҳунар ҳар рўз ман,
Рўзҳоятро кунам Наврўз ман.
Бар ҳунар бингар ту муштоқии ман,
О, ба бозору бихар тоқии ман.
Давлати сар тоқӣ бошад, эй ҷавон,
Аз харидории он охир намон.

Ҷомадўзу фўтадўз:

пешина
аз 103
навбатӣ