ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа
Кандакорӣ мекунам бо шавқ ман,
Бар харидорон бубахшам завқ ман.
Киштаи бўстони ман гул мекунад,
Чўб дар дастони ман гул мекунад,
Пас, биё, бингар ҳунармандии ман,
Даркушоиҳо, на дарбандии ман.
Кафшу маҳсидўз:
Эй арўси нозанини дилрабо,
Пиру барнои саодатманди. мо.
Кафшдўзӣ гашт аз баҳрам ҳунар,
Маҳсиям бахшад бароят зебу фар.
Маҳсии ман роҳати ҷонҳо бувад,
Дар зимистон беҳтар аз тилло бувад.
Баҳри ту шодӣ фаровон медиҳам,
Пас бихар ин кафш арзон медиҳам.
Кулолгар:
Гарчи умре лойбозӣ мекунам.
Халқро аз хеш розӣ мекунам.
То бинўшанд оби сарди дилпазир,
Умрҳо шуд кўзасозӣ мекунам.
Гар табақ созам барои ошхўр,
Ман танўр аз даври мозӣ мекунам.
Ман намеболам зи давлатмандиям,
Бо ҳунар ман сарфарозӣ мекунам.
Сабатбоф:
Сабатбофам, сабатбофам сабатбоф,
Дар ин ҷо аз ҳунар ман мезанам лоф.
Харидорон, харидорон биёед,
Дари ҳамёни худро во намоед.
Харед аз ин сабадҳо дона- дона,
Баред бар ёри ширин, бебаҳона.
Дар он себу дар он ангур гузоред,
Ҳунарро пос доред, пос доред.
Хотима:
Зинда бошед сарвари аълои мо,
Пешвои миллати яктои мо.
Мекунем табрик мо Наврўзатон,
Хуш бувад ояндаи фирўзатон.
Баҳри мо кони сафо бахшидаед,
Дарди миллатро даво бахшидаед.
Бо Шумо дорем доим ифтихор,
Кўҳсон бошед доим устувор.
ЁДНОМАҲО
ДИЛАМ ДАР МОТАМИ БОЗОР БИГРИСТ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё