ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа
Мепарастам дастаи пул,
Қабза-қабза бастаи пул.
СИЯҲДИЛ
Ба мардум дарди сар ҳастӣ, сияҳдил,
Сазовори сақар ҳастӣ, сияҳдил.
Кунӣ даъво, ки яктоӣ ба олам,
Агарчи беҳунар ҳастӣ, сияҳдил.
Яқин донам ба чашми аҳли биниш,
Қатори гову хар ҳастӣ, сияҳдил.
Ҳасуду нотавонбину бахилӣ,
Зи олам бехабар ҳастӣ, сияҳдил.
Наӣ аллома, алломатарошӣ,
Ба дил бонги хатар ҳастӣ, сияҳдил.
Касифӣ, нокасӣ, пастӣ, залилӣ,
Зи деву дад батар ҳастӣ, сияҳдил.
Ҳамедонам, ки марди занбамуздӣ,
На ҳамчун шери нар ҳастӣ, сияҳдил.
Сазоворӣ ба коми обу оташ,
На зеби хоки тар ҳастӣ, сияҳдил.
Намуд қалби туро аз санг бунёд,
Саропо шўру шар ҳастӣ, сияҳдил.
Ба авсофат навиштам шеъри ғарро,
Ки ту ноаҳлу ғар ҳастӣ, сияҳдил.
ПАДАРСАГ
Ба тариқи ҳазл
Зи насли Аҳриман ҳастӣ, палидӣ,
Ҳамесозам блокат, эй падарсаг!
Саги девонаи шуму касифӣ,
Ҳамехоҳам ҳалокат, эй падарсаг!
Ҳамекўшам, ки созам даҳрро пок,
Фурў резам ба хокат, эй падарсаг!
Даҳони худ наолоям ба дашном,
Ки резам оби токат, эй падарсаг!
Шудӣ душман ба халқи рўи олам,
Занам бо себу нокат, эй падарсаг!
Ту раҳме бар сари модар надорӣ,
Чу бинам хашмнокат, эй падарсаг!
Надонӣ қадри мому меҳани хеш,
Кунам якбора локат, эй падарсаг!
Нагирям дар сари наъши ҳаромат,
Чу бинам чок-чокат, эй падарсаг!
ИЛҲОМ АЗ ГУЛИ МУРОД
Бар рўи гилеми сойт по мемондам,
Ҳарфу рақами китоби дил мехондам.
Акси ту набуду холӣ буд «папка»-и дил,
Бо қаҳр ба зиндагонӣ даст афшондам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё