ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа
Чаро ҷўянд айби якдигарро,
Ба чашми якдигар як панҷа хоранд?
Гиёҳи хушк кай сабзад дигар бор?
Ба сурат сабзу лекин бебаҳоранд.
Ба рўи кас нагўянд айби касро,
Паси парда ҳама айбаш нигоранд.
Ҳама побанди макру фитнаи худ,
Ба қавли хештан ноустуворанд?
Бихоянд устухони мурдагонро,
Баҳоимхислатони мурдахоранд.
Чаро дар ҳаққи мурда ҳарфи бадро,
Раво доранду худ Одам шуморанд?
На Синозодаи бо ақлу ҳушанд,
На Рустамзодагони комгоранд.
Зи майдон тарс-тарсон мегурезанд,
Ба аспи ҷаҳл умре шаҳсаворанд.
На кайҳони дари дилҳо кушоянд,
На бар сўи фалакҳо раҳсипоранд.
Чаро бо ДОИШ-у Толиб ба майдон,
Бало зоянду тухми марг коранд?
Чаро аз беруни кишвар ба кишвар,
Басо борони ноаҳлӣ биборанд?
Чаро дар дўстӣ содиқ набошанд,
Агарчи ҷамъашон аз як таборанд?
Худо бахшандаву ҳам меҳрубон аст,
Мусалмонон чаро шак мебиёранд?
Мусалмон нестанд ин фитназоён,
Зи тавба ин хабисон тавбагоранд.
МАРКАЗИ ИНТИҲОРӢ, ЭЙ КОБУЛ
Маркази интиҳорӣ, эй Кобул!
Ҳамраҳи шоми торӣ, эй Кобул!
Модаронро ту сахт озурдӣ,
Шаҳри дарди ҳазорӣ, эй Кобул!
Ҳар тараф хуфтаанд шаҳидонат,
Хастаю бемадорӣ, эй Кобул!
Гиряи тифл ояд аз ҳар сў,
Модари дилфигорӣ, эй Кобул!
Гирям имрўз дар ғамат аз дур,
Сар ба сар ашкборӣ, эй Кобул!
Чор фасли ту чун зимистон аст,
Гўиё бебаҳорӣ, эй Кобул!
Арғувонии аз хуни одам,
Тавъами лолазорӣ, эй Кобул!
Кош мебуд Баччаи Саққо,
Менамуд ҷоннисорӣ, эй Кобул!
Нест Масъуд дар барат имрўз,
Бар писар сахт зорӣ, эй Кобул!
Нест андар барат ватандоре,
То кунад пофишорӣ, эй Кобул!
Вораҳонад туро зи коми наҳанг,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё