Зеҳн
ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чист Истиқлол? Як дил ганҷи имон доштан...
Искандари Раҳмон

Чист Истиқлол? Айёми ҷавонӣ доштан!
Дар замири бахт умре комронӣ доштан!
Чист Истиқлол? Чун гулҳои хушранги баҳор,
Ғунчасон хандида доим шодмонӣ доштан!
Чист Истиқлол? Нозу ишваҳои дилбарӣ,
Бо бути хушлаҳҷаи худ меҳрубонӣ доштан!
Чист Истиқлол? Номи хеш бурдан то ба маҳ,
Солҳо дар боғи лаззат бехазонӣ доштан!
Чист Истиқлол? Андар ҷодаи меҳру вафо,
Ҳамраҳи худ дўстони хуби ҷонӣ доштан!
Чист Истиқлол? Дар кошонаи сидқу сафо,
Баҳри якдигар ҳамеша гулфишонӣ доштан!
Чист Истиқлол? Дар дашти муроди хештан,
Бо саманди рўзгорон ҳаминонӣ доштан!
Чист Истиқлол? Чун сарви сиҳӣ дар рўзгор,
Бо гулу себаргаи тар ҳамзабонӣ доштан!
Чист Истиқлол? Будан соҳиби хоки Ватан,
Дидаи бедор онро посбонӣ доштан!
Чист Истиқлол? Армони дили Соҳибватан,
Тарки ҷон кардан ва умри ҷовидонӣ доштан!

ҶЎРАБЕК

Як нафас биншин бо андешаҳои Ҷўрабек,
Гўш деҳ бар хонишу савту навои Ҷўрабек.
Мисли ў дар гулшани андеша як булбул куҷост?
Селаи булбул наарзад дар баҳои Ҷўрабек.
Бас ситора дар замин афтиду оламгир гашт,
Лек ман бартар шуморам хоки пои Ҷўрабек.
Аз сурудаш нахли қалби мухлисон гул мекунад,
Ҷисми хаста рўҳ гирад аз садои Ҷўрабек.
Шомуродосо шудам мухлис ба савту сози ў,
Мекашад қалби маро оҳанрабои Ҷўрабек.
То набинам ман заволашро дар ин дунёи дун,
Бо дуъо созам талаб ман аз Худои Ҷўрабек.

ШАЙДОИ ТУҒРАЛ

Дилу ҷонам бувад шайдои Туғрал,
Гузорам сар ба пеши пои Туғрал.
Ба олам шоирон хеле зиёданд,
Дигар бошад бароям ҷои Туғрал.
Хаёли оламу савдо надорам,
Ба сар бошад маро савдои Туғрал.
Зи кўҳу чашмаву дарёи олам,
Ба гўшам мерасад наҷвои Туғрал.
Зар аз кони Зарафшон кам нагардад,
Бувад то шеъри ҷонафзои Туғрал.

пешина
аз 103
навбатӣ