Зеҳн
ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дар сўҳбате дононамое амри маъруф менамуд ва аз он ҷумла зикр кард:

  • Дар рўзи қиёмат ҳамаи моро аз нав зинда месозанд ва мо бо завҷаҳои хеш аз нав рў ба рў меоем. Завҷаҳои моро ҷавон ва тару тоза ба назди мо меоранд.
    Афандӣ, ки тамоми умр аз зани хеш норозӣ буд, гуфт:
  • Домулло, агар дар он дунё ҳам бо ҳамин завҷаам во мехўрдагӣ бошам, дуъо кунед, ки маро рўзи маҳшар зинда нагардонанд.

ИН ДУНЁ ОХИР ШУДАНӢ НЕСТ

Дар кўча бо пирамарди ҳафтоду ду солае дучор омадам, ки ҳамеша маст мегашт.
Гуфтам:
-Дар рамазон чӣ ҳол дорӣ?
Гуфт:

  • Рўзадораму баромадани рамазонро нигаронам.
    Гуфтам:
    -Чаро?
    Гуфт:
  • Ин дунё ҳазорсолаҳо боз поён намеёбад ва мурдагон интизори қиёматанд. Чун дунё охир шуданӣ несту рамазон охир шуданист, беҳтар он аст, ки рамазон охир шаваду ман пештар аз фаро расиданӣ марг каме нўшаму дилхушӣ кунам.

МУКОФОТ МУБОРАК БОШАД!

Ҳафтаи гузашта ҳукумати шаҳри Самарқанд олими варзида Аслиддин Қамарзодаро бо медали «Ветерани меҳнат» мукофотонид.
Ҳангоми дидорбинӣ бо олим фарзандаш Фарҳод медалро ба ману ҳамсафаронам Аминабону ва Наққош нишон дод.
Қамарзода гумон кард, ки медал аз они Аминабонуст, гуфт:

  • Медал муборак, Амина.
    Амина гуфт:
  • Ин медали Шумост.
    Ҳама бо завқ хандидем.

СЕ МАҚОЛА

РЎҲИ ҒАЗАЛ
Тафсири ғазали Ҳофиз

Дар ҳар замонае пайваста муддаъиёни беҳунаре пайдо мешаванд, ки аз худ каси дигар месозанд, вале дар боби ирфон, худошиносӣ ва кашфу шуҳуд баҳси ҷиддитаре ба миён меояд. Ҳофизи бузург, ки аз муддаъиёни беҳунар ба дод омада буд, бо воситаи ин ғазал ба ин турфа беҳунарон ҷавоби арзандае медиҳад. Ғазали Ҳофиз ҷавобияест ба Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ ва чанде дигарон, ки хешро донандагони олами ғайб медонистанд ва яке аз хислатҳои дарвешӣ, ки хоксорист ба инобат намегирифтанд.
Чанд байти ғазали Шоҳ Неъматуллоҳи Валиро нақл мекунем:
Мо хоки роҳро ба назар кимиё кунем, Сад дардро ба гўшаи чашме даво кунем.
Дар ҳабси суратему чунин шоду хуррамем, Бингар, ки дар сарочаи маънӣ чиҳо кунем.
Аз худ барову дар сафи асҳоби мо хиром, То Сайидона рўйи дилат бо Худо кунем.

пешина
аз 103
навбатӣ