ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа
Дардам ниҳуфта беҳ зи табибони муддаӣ,
Бошад, ки аз хизонаи ғайбам даво кунанд.
Беҳтар он аст, ки дарди ман аз ин муддаъиёни табобат, яъне ин табибнамоён пинҳон бошад, шояд, ки рўзе ба мани бмор низ аз хазонаи ғайби Илоҳӣ шифои комил ато фармояд.
Байти сеюм:
Маъшуқ чун ниқоб зи рух дарнамекашад,
Ҳар кас ҳикояте ба тасаввур чаро кунанд?!
Дар ҳолоте, ки маъшуқа зери сатр аст ва рухсораи худро аз ҳама кас пинҳон медорад, зарур нест, ки ҳар кас аз рўйи фаҳмиши хеш ва пиндори ботили худ чеҳраи ўро васф намояд.
Байти чорум:
Чун ҳусни оқибат на ба риндиву зоҳидист,
Он беҳ, ки кори худ ба иноят раҳо кунанд.
Аз он ҷое, ки оқибати кори ҳар инсонро хайре вуҷуд дорад ва он ба бузургию риндӣ ва ворастагӣ алоқае надорад, маслиҳат дар он мебинам, ки кори худро ба маслиҳат ва карами Офаридгор вогузорем.
Байти панҷум:
Бемаърифат мабош, ки дар «ман язид»-и ишқ,
Аҳли назар муомила бо ошно кунанд.
Бо худ дили огоҳ дошта бош ва холӣ аз шинохти маърифати ҳастии Ҳақ мабош ва диди орифонаи худро ба кор бар, то дар музоядаи ишқ аз назари соҳибназарони бомаърифат дун намонӣ, то ту низ бо ошноии пўяндагони роҳи ишқ, соҳиби доду ситад гардӣ.
Байти шашум:
Ҳолӣ даруни парда басе фитна меравад,
То он замон, ки парда барафтад, чиҳо кунанд?!
Ононе, ки алҳол пой дар кундаю банди ҷисм доранд, фасод ва ошўб барпо кунанд, бояд огоҳ бошанд ва биандешанд, ки рўзе, ки аз ин кундию банд раҳо меёбанд, чӣ хоҳанд кард?!
Байти ҳафтум:
Гар санг аз ин ҳадис бинолад, аҷаб мадор,
Соҳибдилон ҳикояти дил хуш адо кунанд.
Аз оҳанги ҳадиси ман, яъне ҳикояти ман агар санг ба нола дарояд, ҷойи ҳайрат вуҷуд надорад, чунки аҳли дил қиссаи ишқро бо сўзу гудози махсус бозгў мекунанд, ки аз тарзи бозгўи онҳо дилҳо ба риққат меоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё