БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Бо ҳамин минвол, бо гуфтае бо ҳангоҳунг сангобро гузашта, кутали мазорро баромадаанд. Аз назди мазор, аз масҷид дур нашуда ҳамаашонро дарди ҷонкоҳе гиребонгир мешавад. Улавҳошон аз роҳравӣ бозмеистанд, дигар пеш намераванд. Ҳар қадар бар сари онҳо қамчин андозанд, бефоида. Улавҳо ноҷунбон, гӯё пойҳояшон ба замин мехкӯб шуда. Аз дарди ишкам корвонакиҳо ба худ мепечиданд, наъра мекашиданд, нола доштанд. Ишкам ба қоши зин мегузоштанд, тоқат карда наметавонистанд.
Корвонакиҳои беҳисоб дар кӯчаҳои деҳа аз роҳ бозмонда. Мардуми деҳа, куҳансолон, мӯйсафедон атрофи онҳо ҷамъ омада.
– Чӣ гап шуда ба мо, бародарон, чӣ илоҷ ёбем, чӣ маслиҳат медиҳед? Ёрдам расонед, як бало кунед, мемирем, – корвонакиҳо аз мардум мадад мехостанд ва хурду калон ҳама аз дард мӯи ба оташ расида барин ба худ мепечиданд, тадбир мепурсиданд, «мадад расонед, бародарон, мемурем», мегуфтанд.
Куҳансолони деҳа, онҳое, ки бо беҳурматӣ, носипосона аз назди мазори Ҳазрати Сайид Шоҳабдулатиф гузаштани корвонакиҳоро шоҳид гашта буданд, ба онҳо сабаби ба дарди бедаво гирифтор гаштанашонро гуфтаанд, гуфтаанд, ки руҳи эшон аз онҳо ранҷида. Корвонакиҳо, ки бародарони қалмиқҳо будаанд, амалҳои ношоистаашон ба хотирашон омада, аз роҳашон баргаштаанд, аз улавҳо пиёда шудаанд, футаҳо дар гардан, дастҳо пеши бар бо илтиҷою тазаррӯъ ба масҷид даромадаанд, назди оромгоҳи Ҳазрати Сайид Шоҳабдулатиф тавбаю тазаррӯъ карда омурзиш хостаанд.
Корвонакиҳо чанд гову гӯсфанд хун карда, дар дегҳо хӯрок пухта худоӣ кардаанд, ба номи Ҳазрати Сайид Шоҳабдулатиф хатми Қуръон фармудаанд. Сиҳат ёфта аз мардум – аз пайвандони Ҳазрат дуо хостаанд ва як ҳамроҳашон – занеро минбаъда баҳри тозаю озода нигоҳ доштани мазор гузоштаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё