Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

–Чаро? Барои чӣ, эшони домулло? –Бӯрибой дар ҳайрат шуда.
–Пӯшед, Бӯрибой, насиб кунад.
–Ба Худо, эшони домулло, ман бегоҳ аз дил гузаронда будам, хуб накардам, ин хел накунед, – дар чашмони ӯ ашк ҳалқа мехӯрад.
Муҳаммадэргаш аз деҳаи Оқчакман имрӯзҳо ягона устои чукбур дар ҷамоаи Роҳатӣ ҳисоб меёбад. Фарзанди мулло Зубайдуллои шогирди падарам. Ӯ ба хотир меорад:
– Ҳамон шабе, ки вай ба дунё омада, барф меборида.
Субҳгоҳ дарвозаашон куфта мешавад. Мулло Зубайдулло дарвозаро кушода устодаш эшони домулло Мирзоро мебинад. Савора, сару либосашон, пешотанаи асп пури барф. Чӣ сабаб шуда, ки эшони домулло пагоҳӣ қатӣ омадаанд. Вай ҳанӯз аз олами ҳайрат берун наомада, ки устод ба сухан омадаанд:
–Мулло Зубайдулло, муборак шавад, – ва ӯро бештар дар ҳайрат мононда афзудаанд: – Писар муборак!
Эшони домулло чӣ мегӯянд? Табрик мегӯянд? Барои соҳиби тифл шуданашон? Аз куҷо донистаанд? Боз писар буданашро ҳам медонанд? «Тавба, тавба», гуфта гиребон гирифта мулло Зубайдулло. Устодро ба хона мехонад. Домулло дуою фотиҳа хондаанд, умри тифл дароз шавад гуфта ва баъд пурсидаанд, ки ба писар чӣ ном гузоштанианд.
–Эргаш, – ҷавоб гуфта мулло Зубайдулло.
–Эргаши холӣ? – ва афзуданд: – Муҳаммадэргаш гӯед.
Имрӯз Муҳаммадэргаш марди солхӯрда.
Эшони домулло Мирзо меҳаросиданд, ки бадарға, мусофирхок нашаванд.

пешина
аз 182
навбатӣ