Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

«Пирам, эшони домулло, устод, чӣ мекунед, худатонро ба даст гиред», боз баланд мегашт овози шогирдон.
– Лаббай, – чашм кушоданд, ба ҳуш омаданд. – Маро баред, аз ин ҷо баред, хона баред, – талаб карданд.
Эшони домулло Мирзо беҳуда, бесабаб, ин хел талаб ба миён нагузошта буданд, ҳолашон ба худашон маълум. Лаҳзаҳои ба ҳисоб монда аз умрашон, паймонаашон пур шуда. Дигар ҷои андеша ва ҳаросашон намонда. Одамони ҳукумат акнун ба он кас дар дами марг чӣ ҳам мекарданд.
Аллакай он бегоҳирӯзии охири моҳи июни соли 1950-ум ҳавлии эшони домулло Мирзо серодам гашта буд. Миёни хонае, ки ҷои ибодат, тиловаташон буд, рахти хоб густурдаанд. Охунди мулло Сайиднеъматулло ва шогирдони дигарашон болои сари устод. Мулло Абдусалом, эшони Санг ва мулло Шарифи дуобачӣ бонавбат ҳазрати Ёсин мехонданд, лаҳзаҳое буд он дам, ки эшони домулло Мирзо ба худ набуданд, бехудона ҳарф мезаданд.
– Ана, ҳавзи Оби Кавсар, дар дами мавт об мехоҳад кас, об – об мегуфтанд. Ва боз гоҳе назарашон аз тиреза ба берун, ба рӯи ҳавлӣ, ба ҷониби боми меҳмонхона мегашт. Ва бехудона боз ба сухан меомаданд:
– Ана, бинед, мулло Сайиднеъматулло, – ба шогирдон муроҷиат карда меафзуданд, – мебинед-а?
– Ҳа, устод, мебинем, – суханҳои бехудона ба забон овардаи устодашонро тасдиқ менамуданд, – мебинем, устод, мебинем, – такрор мекарданд шогирдон.
– Дидед-а?
– Ҳа, устод.
– Фариштаҳо аз осмон мефароянд, саф гирифтаанд, намоз мегузоранд, маро даъват доранд, пеш гузарам, эшони домулло Мирзо мегӯянд, онҳо ҳама маҳтали мананд, маро бардоред, ёрдам расонед, дастамро гиред…

пешина
аз 182
навбатӣ