БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Шеър мехонданд, аз мазмуни ҳикояҳои навам нақл мекардам. Ба гуселашон мебаромадам. Аз кӯчаҳои деҳа, аз роҳи паси деворҳои масҷид, аз назди мазор гузашта, куталро мефаромадем. Ба лаби сангоб меомадем. Ҳамин ҷо бо ҳам хайрухуш мегуфтем. Муаллим кутали деҳаи Роҳатиро боло мешуданд, банда кутали деҳаи Нилконро.
Ба сари кутал, назди мазор расида, рӯ ба роҳи омадаам, ба ҷониби деҳаи Роҳатӣ меовардам. Баъзан шабҳо маҳтоб болои сангоб меомад. Ҳама ҷо равшан, шир барин. Дар равшании маҳтоб медидам, ки муаллим Изатулло Ҳусайнӣ ҳанӯз дар роҳ, ҳанӯз оҳиста-оҳиста кутал мебароянд.
5-уми ноябри соли 1989-ум хабари марги Изатулло Ҳусайниро шунидам. Шаб дар назарам тиратар гашт.
Ситораҳо гӯё паси абрҳо монда, чарх мегашт гирди сарам олам. Наход инсони бароям ин қадар азизу гиромӣ аз олам гузашта, вафот карда? Ду ҳафта пеш зери капаи миёни боғашон ҳамроҳ нишаста будем. Хабари бемориашонро шунида ба ҳолпурсиашон рафта будам. Он рӯзҳо устод бемории сактаи дилро аз сар гузаронда буданд.
– Сиҳат шудам, ҳамааш гузашт, – маро бовар мекунонданд муаллим. Аммо он бегоҳирӯзӣ аз олам гузашта буданд. Онҳое, ки хабари маргашонро оварда буданд, ҳамроҳам дар паси дарвозаи ҳавлиамон меистоданд.
Хаёли эшонро «ба хона дароед, марҳамат», гуфтан аз сарам рафта. Карахту беҳаракат, аз худ бехабарам карда буд хабари марги муаллим, дӯст, бародарам. Изатулло Ҳусайнии азиз дигар ба хонаи мо, деҳаи Нилкон, ба хабаргирии банда ва фарзандонам намеомаданд, дигар ҳамроҳашон кутали сари мазорро фаромада, то лаби сангоб гуселашон намекардам. Ҳамаи бо ҳам дар ин дунёи равшан гаштанҳоямон бо муаллим як давре, хобу хаёле буда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё