Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Таъкид карданд, ки наздашон ягон ношиносро нагӯям. Гап доштаанд. Гапу ҳарфҳое, ки бояд худашон медонистаанду Худо. Вале ҳамон лаҳзаҳо дари кулбаам бе тақ-тақ кушода шуд. Ёдгор даромад. Дар як сатил ангур оварда буд. Аз дар даромадан замон бӯи кабоб ба димоғаш расид, ки бо овози баланд шӯхӣ карда мегуфт:
«Эҳа, Манучеҳр, болои зиёфат омадем-ку, «ҷизу биз», гӯштбирён. Аз ризқакам гардам, ба Худо хушдоманам маро дӯст медорад...»
– Э, э, Ёдгорҷон, оҳистатар, дар хона меҳмон,– саросема пеши даҳони ӯро гирифтам.
– Меҳмон бошад, боз нағз, мо ҳам меҳмон, ризқи ҳар кас бо худаш, – гуфту тарафи хонаи меҳмонҳо қадам монд. «Барои чӣ вай доду фарёд карда пеши онҳо медарояд? Таъкиди сардор чӣ мешавад?» Сабил, инҳо ҳама одамони нозук. Дар бало мемонам. «Ба ту чӣ гуфта будам?» – мегӯяд ӯ бо ман. Ҳамин қадар гапи сардор кифоя. Оқибаташ нек намешавад. Вале ин аҳмақи Ёдгор ба ранҷидану наранҷидани сардор кор надорад. Чӣ кунам? Ёдгорро аз роҳ гардонам? Димоғи ӯ аз димоғи сардор ҳам нозук. Не, ҳар чӣ шавад, Ёдгорро аз роҳ гардондан лозим. «Ранҷад ҳам майлаш, вай худӣ». Бояд шароити шаҳрро донад, шаҳр деҳа не, хонаҳо танг-танг, катаки мурғ барин, овоз баланд карда намешавад.
– Ёдгор, – вай акнун дари хонаи меҳмонҳоро кушоданӣ буд, ки аз роҳаш гардондам. – Ҳозир ист, ман ба ту гап дорам, – гуфтам.
– Шаб дароз, баъд гапатро гуфтан мегирӣ. Ё хаёл кардӣ, ки ман ҳамин ҳозир меравам? Не, имшаб ман меҳмони ту. – Вай мақсади маро нафаҳмида шӯхӣ кард.
– Не, Ёдгор, аввал ин ҷо биё, баъд пеши меҳмонҳо медароӣ,–дари ошхонаро кушодам. Ёдгор гапи дили маро фаҳмид. Табассум аз лабонаш парид. Бо димоғи сӯхта аз пасам ба ошхона даромад.

пешина
аз 182
навбатӣ