БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Ӯро ба хона хонд.
– Рустамҷон, нон бисёр, ба ту то соли оянда мерасад, ана худат бин, – кари Бӯрӣ ба ду халта нони хушк, ки дар як тарафи хона рӯи ҳам чида шуда буд, ишора кард.
– Лекин, Рустамҷон, як маслиҳат, – кари Бӯрӣ риши ғулии мошубиринҷашро даст-даст карда давом намуд:
– Ҳабибаро ба ман медиҳӣ.
Кари Бӯрӣ боз чӣ гуфт? Рустам ӯро намешунид. Осмон гӯё ба сараш фурӯ омад. Акнун ӯ фаҳмид, ки кари Бӯрӣ аз чӣ сабаб пас аз марги модараш ба онҳо ин қадар муҳибу меҳрубон шуда. На, на Рустам хоҳараконашро бо нон иваз намекунад, Ҳабибаро ба кари Бӯрӣ намедиҳад. Коре карда рӯзи хоҳараконашро мегузаронад, нон меёбад.
Рустам аз гуруснагӣ якбора худро беҳол ҳис кард.
«Худро ба даст гир, Рустам, ту акнун марди хонаӣ...»
Рустам гӯшвораҳои модарашро аз нав ба кисаи пеши бағалаш андохт. Пирамарди савора гардиши теппаро тоб хӯрда аз назари ӯ дур шуда буд.
Рустам қатори бозоракиҳо қадам мениҳод...
Бозори Янгибозор. Нурҳои камтаъсири офтоби зимистон рӯи дарёи Кофарниҳон, ки мардуми бисёре дар канори он ҷамъ омада хариду фурӯш доштанд, зарҳалин метофтанд. Оби дарё аз қабати ях бесадо ҷорӣ мешуд. Чарахсаҳои он ба рӯи сангҳо бархӯрда ях мебаст, сангҳо чун оина шаффоф мешуданд. Шамоли сард мевазид, одамон дандон ба дандон монда ба хунукӣ тоқат мекарданд. Рӯз хунук, аммо бозор гармтар мешуд. Ана, як харидор, марди бурутии тануманде дар рӯ ба рӯи Рустам, ки гӯшворҳои модар дар даст ғарқи хаёлот буд, бозистод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё