Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Он ҷо хоҳараконаш бо чашми чор ба роҳи ӯ нигаронанд. Аммо Рустам дигар қадаме ба пеш ниҳода наметавонист. Аз ҷояш хестанӣ шуд, мадораш намонда буд. Чароғҳои деҳа дар пеши назари ӯ хомӯш шуданд...
– Рустамҷон, хез, биё, боз андаке роҳ монд. – Модар ба сӯи ӯ боз даст дароз кард.
– Рустам, ту акнун марди хона, хона ва хоҳараконатро нигаҳбон шав, – овози падарро шунид. Аммо Рустам дигар мадори аз ҷой хестан надошт. Гуруснагӣ ӯро аз пой афтонда буд. Рӯяш аз барф сафед мешуд...


Зани миёнсоле ба сари қабр расида, дастархони пури нонро аз сар гирифта, дар наздаш паҳн намуд, сонӣ қабрро оғӯш карда ба навҳа даромад:
– Рустамҷон, хез, ҷонакам, хез, нон овардам, нони гарм, нони гандум. Нон дар ҳама ҷо пур шуд, арзонӣ, фаровонӣ, хез...
Зан хоҳари калони Рустам Ҳабиба аст. Ҳар гоҳ гӯшвораҳои модар дар гӯш, дастархони пури нон дар тори сар ба зиёрати мадфани бародараш Рустам, ки як вақтҳо аз гуруснагӣ дар даромадгоҳи деҳа ҷон дода буд ва мардум ӯро дар ҳамин ҷо ба хок супурдаанд, меояд, ба ёди ӯ менолад. Рӯзҳои гуруснагӣ ва Рустамро ба ёд меорад.

пешина
аз 182
навбатӣ