БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Заҳрханду тагпурсиҳояш беҳуда набудааст, вай бепарво, ҳафтафаҳм...
Роҳи халосӣ мекофт аз муаллим ӯ. Аз мактаб ӯро
ронда натавонист. Аз болояш арз карданӣ ҳам набуд.
Умеди ягонаи ӯ ба марги муаллим, вале ин рӯз кай ба
сари вай меояд? Интизории беҳуда. Худозада ҳанӯз
бардам, бақувват, пири афтода ҳам не. Аз рӯи гуфтааш,
гӯё касали дил будааст... Локин кай ин дард хурӯҷ карда, вайро ба дами марг мебарад? Банди ҳамин хиёлҳо
буд. Ва ногаҳон зери лаб пичиррос зад: «Ҳамин рӯзро
ташкил кунем чӣ?»
Рӯзи дигар бармаҳал ба мактаб омад. Аз рӯи одат дар
саҳни мактаб гаштугузор накард. Ба ҳуҷрааш даромад,
тирезаҳоро ба ҷониби боғ кушод. Ба паси мизаш омад.
Сигореро дуд андохт, дуд пеши чашму рӯяш мепечид.
«Ҳумм, Ризои Раҳмон, бе дарди сар нишаста будӣ, пул
дода дарди сар харидӣ, акнун илоҷ ёбу аз ӯ халос шав».
Нимсӯхтаи папиросро ба лаъличаи рӯи мизаш пахш
кард. Даст ба тугмаи занг монд. Котиба омада будааст.
– Муаллим Содиқи Ҷаъфарро бигӯй, биёяд, – фармуд
ба ӯ.
– Ассалом, писар.
Ризои Раҳмон ба ҷониби муаллим Содиқи Ҷаъфар
назар наандохт.
– Маро ҷеғ зада будед, писар? – Содиқи Ҷаъфар
назди мизи мудири мактаб меистод.
– Ҳа, ман туя ҷеғ зада будам. – Ризои Раҳмон ручкаи
дасташро ба болои миз ҳаво дода аз ҷой рост шуд ва бо
қаҳру ғазаб ва итоб ба муаллими куҳансол рӯй овард.
Ранги рӯи муаллим Содиқи Ҷаъфар канда, дасту пойҳояш меларзид. Мудири мактаб, писараш барин як ҷавон,
вайро таҳқир кард?
– Чӣ мегӯӣ? Ту чаро дашном додӣ?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё