БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

падарам ҷуръат пайдо карда аз қиблагоҳашон мепурсиданд:
– Вақти хондан кай мешавад?
– Хонда кӣ шудан мехоҳӣ, бачам? Мулло? Замин
одама мехӯронад, бачам, замин, аз замин ҳама чӣ меёбӣ, аз замин. Муллои бечора чӣ дорад? Ба насиҳати
худам гӯш кун, хор намешавӣ, соҳиби ҳама чӣ мешавӣ.
– Падар аз рӯи андешаҳои худ зиндагӣ мекарданд.
Дар сари ҷуфт, алафу гандумдаравӣ, ангурчинию чигинакашӣ ҳам дар бағали падарам китоб, лаҳзае фурсат,
ки пайдо мешуд, чашм ба китоб медӯхтанд. Гоҳе ҳангоми ба кор рафтан ҳамаи китобҳояшонро бо худ мегирифтанд, ба бағалашон як-ду нон меандохтанд. Ба мисле сафаракӣ, ба куҷое равона буданд, ки як даст дар
муштаи испору чашм ба роҳ, ба дуриҳо, бо ҳамин ҳол
ҷуфт меронданд.
Рӯзе падарам аз сари ҷуфт ба хона барнагаштаанд.
Говҳоро пешандози хидматгорҳо кардаанду дигар чизе
нагуфтаанд.
Шаб, шаби дигар ва баъд боз рӯзҳо омадаю дигар аз
он кас хабаре нашунида. Дар хона модарашон, аҳли
хонадон, бародару хоҳарон алахон. Ва баъзан модарро
фарзандон тасаллӣ медодаанд. Шояд бародарашон куҷое ба хондан рафтаанд. Зеро ягон китобашон дар хона
намонда буд, вале куҷо ба хондан рафтаанд? Ба Ҳисор
ё боз ба Файзобод? Падар дар ҷустуҷӯи фарзанд афтода. Ба ҳамаи манзилу маконҳое, ки гумон доштаанд,
рафтаанд, пурсуҷӯ кардаанд. Вале аз он кас нишону хабаре наёфтаанд. Бобоям акнун фарзандашонро на баҳри
он меҷустанд, ки ба дарави ғалла ба сари хирман бибаранд. Пазмон, дар орзуи дидор шуда буданд. Дар фироқашон мегиристанд. Шабҳо ҳам дар хаёли фарзанди толибилмашон, дилашон гум мезада барои он кас.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё