БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Овози хуше дорад, вале ӯ аз ин пеша нон нахӯрда, устои чӯбкор аст. Марди боҳунар. Ана ҳамин эшони Аъзамхон бо меҳнати ҳалолаш каму беш маблағ ёфта, масолеҳи кӯпрук, ҳар гуна оҳанҳо харида, барои равуои мардум аз болои сангоб кӯпрук сохта. Алҳол пояҳои кӯпруки эшони Аъзамхонро обхезиҳои айёми баҳорон бебақо кардаанд. Об ба ҷониби деҳаи Роҳатӣ, ба тарафи баъзе ҳавлиҳо гаштааст, саҳни чанд ҳавлиро об шуста бурдааст. Хавфи ба коми сел рафтани кулбаҳои сокинони ин ҳавлиҳо ба вуҷуд омадааст. Ба ҳар ҳол кӯпруки эшони Аъзамхон мавҷуд аст, онро баъзе одамони савобҷӯ аз нав месозанд, ба ҳар гунае насозанд, минбаъда кӯпрук бо номи эшони Аъзамхон. Номи одамони саховатпеша баъди сарашон ҳам зинда мемонад.
Акнун чанд сухан аз хусуси маънии номи деҳаи Нилкон. Ривоятҳо мавҷуданд. Некон ҳам мегӯянд деҳаи моро. Аммо номи Нилкон маъмултар. Дар ҳамаи мавридҳо Нилкон мегӯянд. Ва ҳамин тавр менависанд. Чӣ маъние дошта Нилкон ё Некон? Ба чӣ муносибате чунин номҳо ёфта деҳаи мо?
Тахминҳо ҳар гунаанд. Мегӯянд, дар гузашта, дар ким-кадом замоне, дар ин маҳал аз гиёҳе нил ҳосил мекардаанд. Маънии нил дар луғат чунин шарҳ ёфтааст:
Нил гиёҳест дар мамлакатҳои гарм, ки аз шираи он ранги нилӣ мегиранд: ранги кабуди баланди сиёҳтоб, ранги лоҷувардӣ, осмониранг. Боз мегӯянд, замоне дар ин ҷо ҳама аҳли ҳунар мезистаанд, матоъ мебофтаанд, ба матоъҳо ранг медодаанд. Ва дар зери қалъае, ки дар поёни деҳа мавҷуд аст, дар соҳили сангоб бозор будааст. Дар танаи қалъа изи хумҳо ба назар метобад, хумҳое, ки аз қади одам баланд. Хумҳоро кандаанд, сафолпораҳо мондаанд. Дар он хумҳо ранг будааст, хумҳои пур аз нил. Ва он барои ранг додани матоъҳои бофандагон истифода мешуда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё