Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ва, агар ин ривоятҳо бесабаб пайдо нашуда бошанд, пайдоиши номи деҳа бо рангҳо, ба кони нил алоқаманд. Ва шояд мардум ба ҳамин хотир ба маҳалли мо кони нил – Нилкон ном мондаанд.
Ва гуфтем, ки деҳаи моро Некон ҳам мегӯянд. Ва бо ин ном ҳам зикр шудани деҳа сабаб дорад. Қадима аст.
Мегӯянд, ки замоне ба ин гӯшаи хушманзар гузори гурӯҳи одамоне афтода. Онҳо соҳибилм, бофазл, соҳибмартаба. Дар он айёми баҳорон, дар ин гӯшаи афсонавии сердолударахт, пургулугиёҳ, дар канори сангоб, ки обаш ширину нуқрасо буда, чанд гоҳе рӯз гузарондаанд. Писандашон шуда ин мавзеъ. Дигар аз ин ҷо нарафта зиндагӣ ихтиёр кардаанд. Муқимнишин шудаанд. Ба шарофати онҳо ин ҷо обод ва серодам гашта. Ҷои рафтуомад, муридону муқаррабонашон. Ва ба ҳурмати эшон, ки аз ҷигарбандони Ҳазрати Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ будаанд, барои деҳа ном пайдо мешавад, Некон меноманд онро, деҳаи Некон. Аҳли деҳа ҳама сайидзода, эшонҳо. Сокинони деҳа имрӯз давоми он хонадон, хонадони Ҳазрати Мир Сайид Алии Ҳамадонианд, шаҷараномаашон аз он зоти пок оғоз ёфта. Ва дар замони ҳар подшоҳе ба шаҷаранома муҳр мемондаанд. Муҳргузорӣ, тасдиқи аз авлоди Ҳазрати Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ будани аҳли деҳа то замони ҳукумати Шуравӣ давом ёфта. Ва яке аз он ҷигарбандони Ҳазрати Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки деҳаи Некон аз шарофаташон бунёд ёфтааст, Ҳазрати Сайид Шоҳабдулатиф будаанд, ки мазорашон аз он рӯзҳо, аз охирҳои асри XIV монда. Мазори Ҳазрат дар саҳни зебою барҳавои масҷид, дар ҷониби офтоббаро болотар аз сангоб ҷой ёфтаанд. Дар рӯ ба рӯи мазор ду оромгоҳи дигар. Аз рӯи нақлу ривоятҳо яки он мадфани бародар ва дигаре хокдони хоҳари Ҳазрати Сайид Шоҳабдулатиф Асмоҳ буда. Баъд як мадфани нав

  • манзили абадии қиблагоҳи банда эшони домулло Мирзо, ки ҳамдеҳагон охири моҳи июни соли 1950-ум он касро ҳамин ҷо ба хок супурдаанд ва масҷиди ҷомеъи деҳа имрӯз ба номашон гузошта шуда.
пешина
аз 182
навбатӣ