БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

паси сангҳои хонамонанд мекашанд ва худашон ҳам панаҳ мешаванд. Чашм ба роҳ, ба чашма. Ниҳоят, аз рӯи гуфтаи эшони Ӯзбакхоҷа, писарашон намоён мешаванд. Аз чашма ба кӯзаҳо об мегиранд. Дигар барои падар ҷои истиҳола ва сабру таҳаммул намонда буд.
Мавриде, ки сари писарашон хам ба кӯзаҳо об мегирифтанд, наздашон ҳозир мешаванд.
– Мирзо? – овози падар баланд мегардад.
1
– Бова ?!
– Барои ту мемирам, бачам, ҷони ширинам, – падар фарзандашонро ба оғӯш мегиранд, сару рӯяшонро мебӯянду мебӯсанд, – туро ёд кардам, бачам, – мегирянд.
Падар дар назди домулло Абдуманнони ҳамдеҳаашон, ки дар масҷиди деҳаи Лойоб вазифаи эмомиро ба ҷо меоварданд, мехондаанд ва ҳар рӯз айни нимрӯз ба лаби чашма омада баҳри устод дар кӯзаҳо об мебурдаанд.
Бобоям Амирҳайдар бо дидагони ашкбор назди фарзандашон ваъда додаанд, ки ба ӯ мадад мерасонанд, илм омӯзад, ба Бухоро баҳри хондан равад. Масъалаи Бухоро ба хондан рафтани падарам дар лаби чашма ҳал шуда буд. Падар ба хондани он кас розӣ. Писар худро ба оғӯши падар фиканда. Падару писар дар лаби чашма аз хурсандӣ ашк мерехтанд. Ашки шодӣ.
Рӯзи дигар модар ва падарашон, хоҳару бародарон, эшони Ӯзбакхоҷа, ҷумлаи хешовандон... падарам эшони Мирзои ҷавонро ба хондан ба Бухоро гуселондаанд.
Падарам халтаи кулчаю кумочҳои пухтаи модар дар пушт аз канори боғҳои ангур, аз зери дарахтон, ки дар
Бова – падар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё