БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Бобои модариам эшони Ҳалим дар шаҳри Душанбе мезистаанд. Ҳамроҳи Ҳоҷӣ Яъқуббой, ки масҷиди калонтарини ҷомеи шаҳри Душанбе аз он кас мондааст, дар шаҳр дӯконҳо, дар мавзеъҳои бозори Баракат ва дар ҷои ҳозираи чойхонаи Роҳат боғу майдонҳо доштанд. Чун хабари омад-омади аскарони Ҳукумати Шӯравӣ, русҳоро мешунаванд, ҷоҳу манзилҳояшонро гузошта, рӯ ба муҳоҷират меоранд.
Ҳоҷӣ Яъқуббой ба Афғонистон мусофират намуда, дигар ба сари мулку манзилҳояш барнамегардад, эшони Ҳалим ба зодгоҳашон, ба деҳаи Нилкон кӯч мебанданд. Ва шабу рӯз аз даргоҳи Худованд мурод металабанд, ки рӯи аҳли куфрро набинанд. Дар ҳамон рӯзҳои ноором, дар рӯзҳои «урусомад» аз олам мегузаранд. Аз эшони Ҳалим се духтар, якеаш Маҳкамбибӣ – модари банда, Муслима, Сайидпошо ва аз завҷаи душанбегиашон, духтари Одинабойи душанбегӣ, ки зани бисёр зебо буданд, ду писар – Эшону Азимхон монда.
Баъдтар соли 1941-ум Эшону Азимхон ба ҷанг мераванд ва аз онҳо ба номи модари сиёҳбахт хатти сиёҳ меояд. Азимхон зани дар фотиҳа доштааст, аз Эшон як духтар Бибиқанд ва як писар Ҳамроҳхон монда. Ҳамроҳхон соҳиби фарзандон яки онҳо Исохон – полковники вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ.
Баъди фавти эшони Ҳалим нигоҳубини фарзандон ва завҷаашон бонуи душанбегӣ ба ӯҳдаи Ҳоҷимаҳмуд афтода буд. Ҳоҷимаҳмуд сарбон, ворисдараки онҳо буд. Душманони Ҳоҷӣ зани душанбегии эшони Ҳалимро назди Носирхитой васф кардаанд. Сайибаи зебо, баҳусн гуфтаанд. Саъй кардаанд, ки ҳушу хаёли Носирхитойро моили ӯ гардонанд. Ҳатто вайро ба ӯ нишон додаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё