БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Дар ин лаҳзаҳо худи Ҳоҷимаҳмуд рӯи меҳмонхонаи калони ёздаҳболорааш, ки дар боломанзар, дар ошёнаи дуюм ҷойгир буд, қадам мемонд. Даричаи меҳмонхонаро, ки ба ҷониби саҳни масҷид кушода мегашт, боз намуд. Ба хона ҳавои салқин медаромад, чанд қадам онсӯтар аз меҳмонхонаи Ҳоҷимаҳмуд бинои баланд ва боҳашамати масҷид. Аз паси чинорҳои баланди саҳни масҷид мазори Ҳазрати Сайид Шоҳабдулатиф намоён.
Аз миён лаҳзаҳо мегузашту назари Ҳоҷимаҳмуд аз даричаи меҳмонхона ба масҷид, ба саҳни он.
Хаёлаш ба меҳмононаш. Силоҳдорони дастаи Раҳмондодхоҳ аз наздаш рафтанд. Замони нооромӣ шуда. Ҳама, қариб ҳама ба азоб мондаанд, таҳқир мешаванд. Ҳайфи рӯзҳои оромӣ, осудагӣ, ки дар замони подшоҳӣ зиндагӣ доштанд.
– Меҳмон омадааст, шуморо диданӣ будааст, – як хидматгор ба Ҳоҷимаҳмуд хабар расонд.
– Кӣ аст меҳмон?
– Носирхитой.
– Носирхитой? – Лаҳзае хомӯш монд Ҳоҷимаҳмуд ва баъд биафзуд: – гӯй дарояд.
– Мехоҳад шумо наздаш бароед, вай дар берун, дар таги дарвозахона.
– Гӯй дарояд, – такрор намуд Ҳоҷимаҳмуд.– Ҳамин тавр гӯй?! – Ҳоҷимаҳмуд нигоҳашро аз шохсорони чинорҳои баланд, ки нурҳои офтоби бегоҳирӯзӣ болои онҳо ҳанӯз ҳамоил буданд, намеканд.
Хидматгор назди марди силоҳдор – Носирхитой баргашта гуфт, ки Ҳоҷимаҳмуд вайро интизор.
– Наомад? – Димоғи Носирхитой сӯхта буд. Аз мусоҳибаш ҷавоб нашунид, аз баёни суханҳои Ҳоҷимаҳмуд дар назди Носирхитой истиҳола намуд хидматгор. «Аз рости фитнаангез, дурӯғи маслиҳатомез беҳ, ё хомӯш мондан», панду насиҳатҳои шунидааш ба ёдаш меомад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё