Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Онҳо, гӯё сар ба бағали ҳамдигар ниҳода, қад-қади ҷӯй ба кабудии осмон баланд шудаанд. Оби ҷӯй соф, нуқрасо, сангчаҳои зери он чун садафпораҳо намоён. Шилдирроси оби ҷӯй ба гӯш мерасад. Садо ба мисле ғамангез, дилгир. Оре, боз ҳамон чинорҳо, ҳамаашон ҷобаҷо. Аз ҷӯи зери чинорҳо мисли пешина об ҷорӣ. Вале бо вуҷуди ҳамаи ин саҳни масҷид мисли пешина наменамояд. Бо вайрон шудани мазор ҳусни он коста гашта. Масҷид ва саҳни он ба назар холӣ. Шаҳомати пешинааш намонда.
Худованд, аз афташ, рӯҳи поки ҳазрати Сайид Шоҳабдулатиф дар дили банда фикре оварда, ки аз пайи ободонӣ, аз нав бунёд гаштани мазор афтам. Он солҳо директори нашриёти «Адиб»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви коллегияи вазорат будам.
Яке аз шахсиятҳои бофазлу фазилат Бобохон Маҳмадов вазири фарҳанги ҷумҳурӣ буданд. Бо ҳамкорон меҳрубон, аз дасташон ояд некӣ мекарданд. Аз воқеаи нохуше, ки як ёдгории нодир, мазори ҳазрати Сайид Шоҳабдулатифро барҳам занонда буданд, ҷаноби вазирро огоҳ намудам. «Наход ҳамин хел кор карда боршанд?
Наход?!» ба ташвиш афтоданд. Ҳамон бегоҳирӯзӣ ҳамроҳи чанд нафар масъулони идораи нигаҳдорӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ дар ҷумҳурӣ ба деҳаи мо омаданд, ҳодисаро пеши назар дида мутаасир гаштанд.
Бо омадани вазир Бобохон Маҳмадов кори аз нав барқарор намудани мазори ҳазрати Сайид Шоҳабдулатиф шуруъ гашт. Меъморон, лоиҳакашҳо, таърихнигорону архиологҳо мемомаданд. Чанд нома ба идораҳои ҳифз ва нигаҳдории ёдгориҳои таърихии назди ҳукумат, ба Шурои вазирони онвақта, ба Академияи улуму Институти таъриху арихиология навиштам, ба собиқ сафирони кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон Али Ашраф Муштаҳиди Шаббистарӣ, Носир Сармади Порсо муроҷиат кардам.

пешина
аз 182
навбатӣ