БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Рӯз бегоҳ шудаву чашми рӯз кушода нагашта борон
аз боридан намонда, шаб шуда. Модари Ҳоҷимаҳмуд
мижа таҳ намекард. Аз болои ҷойнамоз намехест,
намоз мехонд, ба даргоҳи Худованд барои рӯзи сахти
ба сараш омада шукр мегуфт, тавба мекард, гоҳе аз хона берун шуда ба осмон назар меандохт. Ва ниҳоят
абрҳои сияҳ аз осмон парешон гаштанд. Ҳаво соф шуд,
ситораҳо дар осмони нилгун мавҷ мезаданд. Ва рӯз
шуд, саҳар омад, офтоб рух намуд. Ҳаво софу беғубор.
Ба гуфтае ҳавои бад нек мешаваду одами бад нек
намешавад. Ҳама, хешовандон, аҳли деҳа маҳтали
саҳар буданд, маҳтали софу беғубор гаштани осмон,
маҳтали рух намудани офтоб. Ҳама ба ҷустуҷӯи
Ҳоҷимаҳмуд баромаданд. Медонистанд, ки қотилон
фурсати ӯро ба дуриҳои дур бурдан наёфтаанд. Эшони
домулло Мирзо ҳамроҳаш то сари кутал омада. Аммо
баъд ба кадом гӯшаи замин бурдандаш, намедонистанд.
Бисёриҳо бо эшони домулло Мирзо сари кутал, рӯ ба
қибла, ба ҷонибе меистоданд, ки Ҳоҷимаҳмудро ҳамон
сӯ мебурданд. Пеши назар дашту биёбон, талу теппа,
дар дуртар дараи Ойтуғдӣ, баъд сангоби Лойоб. Аз
афташ он рӯз охирҳои моҳи май буда. Модари
Ҳоҷимаҳмуд Моҳи Мулло дар ҳаққи фарзанд сӯхтасӯхта шеърҳо гуфтаанд. Як байт аз он рӯзҳо монда, онро аз забони писархолаам эшони Акрамхон, ки синнашон қариб ба навад расидааст, шунидам.
Ҳоҷиро бурданд сар-сари гули гандум,
Шаҳидуш кардан(д) дар заминҳои мардум.
Аз рӯи гуфтаҳо хардума сар кашида, алаф то ба миён расида, дар баъзе ҷойҳо қарибе одамро панаҳ мекарда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё