Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Огоҳ шудам аз он, ки ноогоҳам,
Дар роҳ аён шудам, ки ман бероҳам,
Оҳам, ҳама тан ба қолаби як оҳам,
Чоҳам ҳама ҷисму худ дар умқи чоҳам.

Хушбахт касе бувад, ки зебанда равад,
Аз шохи баланд меваҳо канда равад,
Аз дил тамаъу ниёз афганда равад,
Бо гиря ба даҳр ояду бо ханда равад.

Худро ту зи ҳабси хеш биброр, бас аст,
Як умр ба тарс дар таҳи дор, бас аст.
Аз ор сухан магӯву аз нанг малоф,
Ор аз сари ору ормон ор, бас аст.

Аз кӯҳ ба сӯйи ман нигаҳ кард дарахт,
Бо дасти ишораташ ба раҳ кард дарахт,
Рафтам ба бараш, маро ба оғӯш гирифт,
Он рӯз маро зи ғам панаҳ кард дарахт.

Эй дӯст, чу як дарахт мебояд буд,
Дар иззати худ ба тахт мебояд буд.
Бар боди замона бо сару синаи боз
Гул дар кафу решасахт мебояд буд.

Ман дар дилу ҷони хеш меҳан дорам,
Дар як тани худ ҳазор ҳамтан дорам.
Ман бо ману ман бе ману ман мангардон,
Оям ба шигифт, чанд ман ман дорам?

Чашме бикушо ба рӯшанӣ, равзан бош!
Гул бину гул андеш, ҳама гулшан бош!
Сарбории бисёру гаронро бификан?
Садҳо мани худ раҳо намо як ман бош!

пешина
аз 218
навбатӣ