ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
Эй рӯд, ману ту ҳарду ҳаммаҷроем,
Аз як ватанем, ҳарду аз болоем.
Пайғоми куҳистони баланди Меҳан
Аз меҳру сахо ба мардуми дунёем.
Ман зинда гузаштам аз дами ханҷару тир,
Ҳам зинда зи санги осиёи тақдир,
Борон, борон тир ба ман кора накард,
Як қатраи ашки ту маро кушт охир,
Афсӯс, агар, ки шанг ожанг шавад,
Афсӯс, агар, ки чанг харчанг шавад,
Афсӯсу дареғ, лоилоҷем ҳама,
Ойина, агар ки ошиқи санг шавад.
Ман як нигаҳам, ту ҳам нигоҳиву тамом,
Ман худ гунаҳам, ту ҳам гуноҳиву тамом,
Дар бераҳа роҳгум задан ҳам роҳест,
Ман як оҳам, ту ҳам як оҳиву тамом.
Бо андаку бо зиёд ҳам битвон зист,
Бо бедодиву дод ҳам битвон зист,
Ғамгину ҳазину шод ҳам битвон зист,
Чун бод ба «ҳарчи бод» ҳам битвон зист.
Эй мурғаки бахт, ошёни ту манам!
Эй қомати нанг, остони ту манам!
Он гаҳ, ки ба даргоҳи адолат бирасем,
Эй ишқ, бидон, ки армуғони ту манам.
Ҳастӣ ё не, вале ҷаҳонат боқист,
Болои сари ман осмонат боқист,
Афсона шудиву рафтӣ, аммо дар ман,
Симурғ! Ҳанӯз ошёнат боқист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё