Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Он чӣ моро мекунад хандон ҳамин ишқ аст,
Он чӣ гирён мекунад осон ҳамин ишқ аст.

Он чӣ медорад туро воло ҳамин ишқ аст,
Он чӣ охир созадат расво ҳамин ишқ аст.

Он чӣ ширин ҳамчунон ҳалво бувад, ишқ аст,
Он чӣ талхи талх дар дунё бувад, ишқ аст.

Он чӣ моро мекунад Ҳотам, ҳамин ишқ аст,
Он чи моро мекунад сархам, ҳамин ишқ аст.

Он чӣ чашматро бидорад во ҳамин ишқ аст,
Он чӣ созад кӯру нобино ҳамин ишқ аст.

Ончи дар пирӣ туро созад ҷавон, ишқ аст,
Дар ҷавонӣ пир созад бегумон ишқ аст.

Лутфи қисмат аз Худо, аз осмон аст ишқ,
Макри шайтони лаини беамон аст ишқ...

МЕБАХШАМАТ, БИЁ!

Чун сурати саҳар, чун сураи сафо
Чун мужда, чун наҷот аз бовари Худо,
Ҳар лаҳза, ҳар нафас
Мебахшамат, биё!

Аз қуллаи ғурур, аз авҷи кибриё,
Аз ҳалқаи адӯ, аз домани риё,
Аз ҳар куҷо расӣ,
Мебахшамат, биё!

Бад кардаӣ ба ман, рад кардаӣ маро,
Номам гирифтаӣ бо лаҳни носазо,
Эй душмани дилам,
Мебахшамат, биё!

пешина
аз 218
навбатӣ