Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ин қадар ашк, ин қадар ғам аз куҷост,
Ҷамъ гашта дар вуҷуди осмон?

Номаҳои баргҳои тирамоҳ,
Номаҳои ҳасрату андӯҳу оҳ...
Кӣ навишту интизори он кӣ буд?
Норасида, уфтода рӯи роҳ...

Тирамоҳ ангезаи ёди ту бод!
Тирамаҳ майдони меъоди ту бод!
Ин ҷилои баргу озодии он
Раҳнамои рӯҳи озоди ту бод!

Баргҳо чун одамон як-як раванд,
Шикваҳо дар дил ба садҳо шак раванд,
Эй дареғо, ноҳақу уммедвор
Барг-барг афтодаву так-так раванд.

Ин қадар зебо бувад марги хазон,
Он даме, к-афтад зи сар тарги хазон.
Дар лабонат охирин наҷвои ишқ
Рафт бояд ҳамчунон барги хазон.

ДАР ОҲАНГИ ХАЗОНРЕЗ
Дубайтиҳо

Хазон омад, хазон омад, хазонам..,
Ту рафтӣ, рафт фасли гулфишонам.
Фақат ёдат шукуфо монд, эй гул,
Фақат номат бувад шаҳди лабонам.

Хазон омад, хазон омад, ҳазинам..,
Туро оё бубинам ё набинам?
Аз он сӯзе, ки дар ман монда рафтӣ,
Ҳамеша бо хаёлат озаринам.

пешина
аз 218
навбатӣ