Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ҚАТРАБОРОН

МЕТАВОН
Метавон озодагиро мояи озарм кард,
Метавон дар гулхани як ханда худро гарм кард.
Аз насими як нигоҳе метавон гул-гул шукуфт,
Метавон аз қатраашке санги дилро нарм кард.

ЗИНДАГӢ
Зиндагӣ ҷанг аст умре дар миёни неку бад,
Зиндагӣ сулҳ аст умре дар миёни хубу дад.
Одамӣ чун тортан баҳри шикори хештан
Метанад тору ба доми хеш рӯзе мефитад.

ФИҒОНИ ДАРАХТ
Фиғон бархост аз ҷони дарахте,
Ки аз неши табар афтод бар пушт.
Ки аз ман бурда буд ӯ дастаашро,
Дареғо, ӯ маро бо дасти ман кушт.

ШАРАФ
Рӯҳам ба ҳама ҷабр ниҳон механдад,
Сар гир зи ман, бубин, ки ҷон механдад.
Мардони шараф чун сари боло доранд,
Шамшер хӯранд, захмашон механдад.

МЕХАЗАД
Чун забон аз коми ӯ ҳар бор берун мехазад,
Аз даҳонаш заҳри шаккарбор берун мехазад.
Дасти худ ҳар гаҳ, ки бинмояд ба сӯи кас дароз,
Даст не, аз остинаш мор берун мехазад.

пешина
аз 218
навбатӣ