Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ҲИСОБ
Рӯҳи ман дар малакут аст,танам дар хок аст,
То бурун оям аз ин банд, дили ман чок аст.
Ҷисми хокӣ ба ту як рӯз бигардонам пас,
Бо ту, эй хок, дар анҷом ҳисобам пок аст.

БОЗГАШТ
Туро аз хоку гил бунёд карданд,
Замин ҷойи мағокашро бигирад.
Туро бар хок биспоранд рӯзе,
Замин баргашта хокашро бигирад.

ИН ПОДАРО ХАБАР НЕСТ
Ин подаро хабар нест, гургон ҳама шубонанд,
Ин қадр бо муҳаббат имрӯз мечаронанд,
Фардо, ки гӯшт гиранд, бадтар зи шеру гургон
Аз пӯст синаҳошон бераҳм медаронанд.

ҲАР КУҶО ГАНҶЕСТ
Ҳар куҷо ганҷе ниҳон бошад, бидон
Дар бари он ҳаст як море ниҳон.
Мори мо нафси бади мо дар тан аст,
Мори мо дар мағзи мо обистан аст.

ҚАСАМХӮР
Миллате, ки нон ба ғам хӯрдаст моем,
Нон набошад ҳам алам хӯрдаст моем.
Миллате, ки бештар аз хӯрданиҳо
Дар сари даъво қасам хӯрдаст моем.

«ВАТАН»-ГӮЁН
Даст бар сина зад «Ватан»-гӯён,
Симу ганҷи варо гирифту гурехт,
Дар ватан ранҷҳо зи худ бигзошт,
Аз Ватан ганҷҳо гирифту гурехт.

пешина
аз 218
навбатӣ