Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Пояҳои вуҷуди поки ӯ
Пояҳо гашт бар Ҳуқуқи Башар,
Пайки сулҳу башорати некӣ
Буд ӯро ҳамеша болу пар.

Зербуни ҳуқуқу қонунаш
Буда озодагиву озодӣ,
Арҷ бар ҷумла халқу миллатҳо,
Ҳамдилӣ, ҳамҷаворӣ, ободӣ.

Тоҷикистони соҳибистиқлол
Сарбаландӣ дар ин ҷаҳон дорад,
Ҳуҷҷати бахти ӯ бувад Қонун,
Обрӯву фари замон дорад.

Инак озодагӣ, ҳуқуқи шахс
Шуд муқаддас дар ин диёри куҳан,
Ҳар нафас мешавад Ватан обод,
Ҳар нафас мешукуфад ин Меҳан.

Ватани асли асли қонунҳост,
Зербуни равонаш аз адл аст.
Бо ҳама ҷабри зиндагӣ зинда
Монда, зеро, ки ҷонаш аз адл аст.

Кишвари дунявӣ, ҳуқуқбунёд,
Дар кушода ба рӯи ёрон аст.
Дӯстро тоҷи сар кунанд ин ҷо,
Чунки ин марз Тоҷикистон аст!
ТОҶИКИСТОН,
ПАРЧАМАТ ТОҶИ САР АСТ!

Тоҷикистон, Парчамат тоҷи сар аст,
Парчами ту аз ҳама болотар аст.

Парчами ту Парчами адл асту дод,
Худ дирафши Коваи оҳангар аст.

Парчами ту буда аз ҷилди паланг,
Бегазанду маҳкаму тобовар аст.

Аз миёни халқ гардида баланд,
З-ин сабаб бар Парчами ту бовар аст.

Аз Фаридуни ҳазоронсола пеш
Халқи моро ҷилваи болу пар аст.

Ин дирафши эътимоди халқи мост,
Чун зуҳури адл дар ин мазҳар аст.

Аввалин Парчам чу рамзи давлатӣ,
Дар ҷаҳону дар ҳама баҳру бар аст.

Ин матое нест рангин ҷилвагар,
Ашку хуну хоки мо рӯи фар аст.

Парчами майдони ҳарби асрҳо.
Рамзи ҷони садҳазорон аскар аст.

Рамзи армону умеди миллатест,
Аз сиришти халқи ҳикматпарвар аст.

Парчаме, ки нури Зардушти кабир,
Асрҳои аср ӯро сарвар аст.

Ҷилвагар дар ҳафт гунбад гаштааст,
З-ин сабаб дар рӯи он ҳафт ахтар аст.

Тоҷу тахти асрҳоро дидааст,
Қасри миллатро кунун тоҷи сар аст.
24.11.2017

пешина
аз 218
навбатӣ