ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
Лек инсофе! Худоё!
Кош будӣ пок мисли обҳо виҷдонатон!
Эй баболобудагон, эй сокинони деҳи боло!
Обро покиза доред! Обҳо ғажданд!..
Оби софи чашмаҳо буду набуди мардуми моянд!
Покии рӯҳу вуҷуди мардуми моянд!
Дар раги ҳастӣ суруди мардуми моянд!
Балки пайғому дуруди мардуми моянд!
Сокинони деҳи боло! Раҳму инсофе!
Шафқату меҳре!
Аз шумо поён басе халқ аст,
фарзанди ҳамин обу замин!
Балки хоҳар, додару фарзанду дилбанди шумоянд!
Бояд онон низ оби пок нӯшанд!
Оҳ аз он рӯзе, ки аз ин носипосиҳои мо
Чашмаҳои босафо хушканд,
Чашмаҳои лутфу эҳсони Худо хушканд!
Чашмаҳои чашмҳои мо,
Чашмаҳои ҷони мо хушканд!
Донаи заҳре,ки ҳоло мефиристонед, Оҳ, метарсам, ки дар поёб аз он рӯяд дарахти наҳс, Рӯяду пайваста шохи шуми дастонаш То шумо боло равад, Аз гиребони шумо гирад, Балки аз ҷони шумо гирад.
Эй, баболобудагон!
Ҳай-ҳай!..
Обҳоро пок доред!
Обҳо виҷдони мо, имони моянд!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё