Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Булбулу савту наво рафт дур аз оғӯшат,
Зоғҳо омадаву шӯру фиғон аст кунун.

Буда ҷонбахши ҳама сабзаву гулҳои чаман,
Сабза хушкидаву гул дар ғами ҷон аст кунун.

Хабари хуш зи лаби сабзаву гул мечидам,
Хабар оё ба лаби бехабарон аст кунун?

Пирро завқ ҷавон буду ҷавон пире дошт,
Пирҳо рафта ҳама, пир ҷавон аст кунун!

Резад ар об зи чашме, раҳи мо лой шавад,
По ба пайроҳа ниҳодан чи гарон аст кунун.

Сабр кун, сабр, ки аз раҳ нафаси дай омад,
Ҳама уммед ба як барфи гарон аст кунун...

Навбаҳоро, сафарат нек, ки хоҳӣ баргашт,
Ин умеде, ки маро дар дилу ҷон аст кунун.
13.09.2016.

ХАЗОН МЕРЕЗАД

Вақте ки зи шохаҳо хазон мерезад,
Ашк аз нигаҳи фариштагон мерезад.

Он лаҳза, ки барг-барги ҷони хушкам
Чун барги хазон ба сад забон мерезад.

Аз ҳар нафасам ҳавас-ҳавас резад ишқ,
Аз ҳар нигаҳам ба дард ҷон мерезад.

Ман сабру қарори хешро сар додам,
Бар сар нафаси бебасарон мерезад.

Падруд, ҷавонӣ! Фараҳу файзи баҳор
Аз ҳар қадамат равон-равон мерезад.

Аммо ба тамошои хазонрез шитоб,
Сад оҳи дили ту бо хазон мерезаад.

пешина
аз 218
навбатӣ