ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
ЯК СУОЛЕСТ МАРО
Як суолест маро: ман ба худам даркорам?
Гӯшӣ мегӯяматон: ман зи худам безорам!
Ба куҷо мебарам ин бори гарони танро?
Чист ҳоҷат ба матое, ки манаш медорам?
Баҳри кӣ сар зада, худро бубарорам ҳар рӯз
Аз гиребони шуҷоат, зи сиришти орам.
Он қадар рафт ба комам, ки шигифто, ҳоло
Кунам андеша, ки ман одамиям ё ғорам?
Ин чӣ кор асту чӣ бор асту чӣ ор асту чӣ ёр?
Сар надоред магар?! Ман ба алам сар дорам.
Ин чӣ асрори ниҳон аст, ки ман бехабарам,
Гарчи худ бо ҳама тан пардаи ин асрорам?
Розҳоест, ки дар ғунчаи лаб нашкуфтаст,
Созҳоест ниҳон дар қабати ҳар торам.
Аз бурун рӯ зада аз нанг гули хандонам,
Аз дарун хор манам, хор манам, ман хорам.
Ҳосилам чист зи полези таассуб фардо,
Ман аз ин тухми палағгашта чӣ мебардорам?
Дасту по мебизанам, то ки нағарқам, аммо
Ғарқи андешаву дарду ғами садҳо корам.
Гар як инсон ба ҷаҳон шод бувад, ман шодам,
Гар яке зери фалак зор бувад, ман зорам.
Ман чу абре ҳама ашкам, ки бидорам худро,
Лек тарсам, ки дар охир ҳамаро меборам.
Ман ҳама умр барои дигарон зистаам,
Зинда ҳастам ба ҷаҳон, то ба касе даркорам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё