Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Гоҳе пиёда гоҳе сарбории хари ланг,
Як умр зери по нест аспи саманди дунё.

Бо гиря омадам ман, бо ханда меравам пас,
З-он пандҳо, ки бурдам охир зи фанди дунё.

ТӮМОРИ МАРГГАРДОН
Барои Маликабону

Нуру фурӯғу файзи кошонаам ту ҳастӣ,
Тӯмори марггардон дар хонаам ту ҳастӣ!

Нури Худо расида бар ҷонамози покат,
Болу пари фаришта дар шонаам ту ҳастӣ!

Ҷон бохтан бароям душвор мешавад, чун
Ҷон дар вуҷуди ҷону ҷононаам ту ҳастӣ!

Рӯшан кунад раҳамро меҳри сиришти покат,
Нури Худо ба пеши пешонаам ту ҳастӣ!

1
Эй поктиннати ман, эй кохи миннати ман,
Шаҳболи мурғи бахти шоҳонаам ту ҳастӣ.

Ман пай кушодам аз худ то погаҳи муҳаббат,
Ман масти ишқи покам, паймонаам ту ҳастӣ.

Гар қисматест дар ман, чун дар садаф, аз он рӯст,
К-андар вуҷуди беҷон дурдонаам ту ҳастӣ.

Афсуни ҳеҷ макре ҳаргиз маро магирад,
Афсуни Ҳақ маро бас, афсонаам ту ҳастӣ.

Ёдат чу ҳолаи нур эмин маро нигаҳ дошт,
Перояи нишоти пиронаам ту ҳастӣ.

Ношукри зиндагонӣ ҳаргиз набудаам ман,
Шукри Худо шуои шукронаам ту ҳастӣ.

пешина
аз 218
навбатӣ