ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
ХОҶА ОБИ ГАРМ
Хайр, то дидори дигар, Хоҷа Оби Гарм!
Эй замини нусрату фар, Хоҷа Оби Гарм!
Аз ту месабзам дубора чун заранги ту,
Эй замини сабзи бовар, Хоҷа Оби Гарм!
Сӯҳбати ман мешукуфад бо дарахтонат,
Чун гуле дар шохаи тар, Хоҷа Оби Гарм!
Рӯди шаффофу зулолу покрӯӣ ту
Ҳаст бо ман мисли хоҳар, Хоҷа Оби Гарм!
Рез бар дӯшам зулолии сафоятро,
Ҳамчунон аз Оби Кавсар, Хоҷа Оби Гарм!
Зода аз нав мешавам ман дар ту ҳар боре,
Эй ту ҷонбахшо чу модар, Хоҷа Оби Гарм!
22.01.2010
ЧУН ДИЛ БА КАФИ КӮҲ
Афрохта сар ба Каҳкашон аст Айнӣ,
Чун дил ба кафи кӯҳ аён аст Айнӣ.
Ноҳияи фазлу хираду илму адаб,
Ноҳияи шеъру шоирон аст Айнӣ.
Беҳуда набуд номи Айнӣ монданд,
Зеро ки ҳама китобхон аст Айнӣ.
Дарвозаи марзи Рӯдакиву Тӯғрал,
Сарводасарои ҷовидон аст Айнӣ.
Бо Фалғару Фони ӯ сар афрохтаам,
Дар домани нанги осмон аст Айнӣ.
Аз он нафақат рӯди Зарафшон ҷорист,
Дарёи дилу табъи равон аст Айнӣ.
Бо ин ҳама бори санг дар санг ба дӯш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё