Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ман ранҷи ту чун ганҷ кашидам, эй ёр.
Ман заҳри ту чун шаҳд чашидам, эй ёр.
То гӯш набастам, нашунидам розат,
То дида набастамат, надидам, эй ёр.

Худро зи даруни хеш биброр, биё!
Худро ба канори кӯча бигзор, биё!
Ин дору мадор бар сарат чун дор аст,
Биброр ту худро зи таҳи дор, биё!

Он кас, ки ба ин даҳри дудар меояд,
Оё зи чӣ дар, бубин ки дар меояд,
Зарҷӯй ҳамеша бо зарар меояд,
Заркор ҳамеша бо зафар меояд.

Бо пераҳани субҳ ба бар меоӣ,
Монанди саҳар хуҷастафар меоӣ,
Ман ҳам дари дил кушодаму ҳам дари чашм,
Қурбони ту гӯ, ки аз чӣ дар меоӣ?

Ман омадаам, ман охирин омадаам,
Дар пардаи оҳи оҳарин омадаам,
Во кун дари дил, бубин иҷозатнома,
Номи ту ба номаи ҷабин омадаам.

Он лаҳза, ки ман дарахт будам, будам,
Дар тахти худам ба тахт будам, будам,
То омадани табарбадасти бераҳм
Ман лонаи мурғи бахт будам, будам.

Вақт омаду рафту сад балоро гузаронд,
Давр омаду сад ҷабру ҷафоро гузаронд.
Ин соҳати дилхушиву ҷавлонгаҳи кист?
Бозӣ-бозӣ омаду моро гузаронд.

пешина
аз 218
навбатӣ