Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ана, понздаҳ-бист сол боз ягон фильми дуруст нагирифтаанд. Дар он ҷо... — Кабир нописандона даст афшонд. — Рӯзномаҳоро намебинед?!
Гапҳое, ки солҳои сиюм ба бобоҳои бесаводи мо мегуфтанду менавиштанд, ҳозир ҳам дар забон. Охир, замона дигар шуд, одамон дигар шуданд, акнун фақат гап катӣ кор буд намешавад. Ба хонанда ғизои маънавӣ даркор аст, ҳақиқат даркор, сухани пӯст кандагӣ лозим.
Барои ин хелашро навиштан ҳунар лозим, ҷасорат, ҷон коҳондан лозим, сонӣ нағзу бадро баробар мондан даркор не. Барои чӣ журналистони рус рӯзномаи хонданӣ бароварда метавонанду мо не? То, вақте ки интихоби кадрҳоро аз рӯи қобилият ва кордонию маҳораташон ҷорӣ намекунем, ин ҳол давом мекунад.
Дар ин бобат ҷӯрабозию хешу таборҷӯӣ комьёбиҳои моро барбод медиҳад. Ана, аз корхонаи худамон қиёс кунед: раҳбароне, ки ба онҳо бовар карда, корхонаро супоридаанд дар ғами пешрафту маҳсули баланду хушсифатанд магар? Ҳаргиз! Аввалан, онҳо ҳаргиз нороҳат шудан намехоҳанд, сониян, бо ҷасорат усулҳои нави бофандагӣ, рангубор, нусхагириро ҷорӣ кардан лозим, ки аз ин кор метарсанд — мабодо ба ягон хел шикасти ғайричашмдошт пешрав шаванду аз мансаб маҳрум гарданд. Баъд, хеле касони беҳунар, косалесони коҳилро аз кор рондан лозим, ки инро ҳам намехоҳанд, зеро аксари инчунин одамон аз наздикони худашонанд, ё пуштибоне доранд... Бинобар он, ин тоифа солҳою сол баробари коргарони ҳалолкор подошу тақдирнома

пешина
аз 538
навбатӣ