Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Он кас доим мегӯянд, ки кор накарда мехӯранду воҳ нагуфта мемуранд. Ман ба ин гапашон хандидам, он кас гуфтанд: «Ҳамаи онҳое, ки кор накарда, калон - калон мехӯранд, дард накашида, ногаҳон афтода мемуранд, ба ду даҳан васият зор, аз дуньё рафтанашонро надониста мемонанд, духтарам...»
Бадалбек табақи пиёзи реза кардааш дар даст аз хона берун шуду ба сӯи оташдон омад. Дар таҳи айвон, ки дар як гӯшаи он оташдон буд, халтаҳои биринҷ, сабзию пиёз, қуттиҳои помидору мева ҳар сӯ парешон буданд.
Вай аз ин парешонӣ ва бесомонӣ норозӣ, зери лаб ғурунгос заду омада, дар сари дег рост истод. Занҷир сар бардошта ба ҷониби вай нанигарист ва сухане ҳам нагуфт.
— Ана, пиёз, Занҷири ширин, — баъди лаҳзае рост истодан садо баровард Бадалбек. — Чӣ гап шуд, як бор ба тарафи ман наменигарӣ, гап намезанӣ? А? Аз дӯст шуд ё аз душман? Ман ташнаи як нигоҳи оламкуши ту бошаму...
— Шарм намекунед?! — бо каҳр зуд сухани ӯро бурид Занҷир.— Ман духтаратон қатӣ баробарам.
— Шавҳари духтар бояд ҳамсинни падараш бошад гуфтаанд, — сухани аз куҷое шунида, вирди забон кардаашро боз такрор кард ӯ. — Ман аз миёни духтарон ба ту меҳри алоҳида дорам. Дилам намешавад, ки туро кор фармоям, лекин барои дидор... Элак баҳонаю дидор ғанимат мегӯянд-ку! — Ҳингиррос зада зуракӣ хандид вай. Сонӣ ҳамчунон бардурӯғ оҳе кашиду суханашро идома дод: — Эҳ, кошкӣ, ҳозир ҳамин фермаро аз ман

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё