Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
ки ҳар як афсона ва саргузашт сабақи рӯзгор, василаи огоҳӣ ва хотирнишон кардан аст. Агарчӣ пирони солдида баъзе аз он саргузаштҳоро шоҳиди барҳаётанд, ҷавонон ба қавли онҳо камтар эътибор доранд. Чаро ҷавонони имрӯз ин қадар нобоваранд, ҳеҷ кас возеҳ намедонад. Баъзеҳо аминанд, ки ин ҳол бар асари ҳамлаҳои мо ба кулли тартиб ва расму ақоиди пешин рух дода.
Шабе, ки Занҷир бори нахуст аз шаҳр ба деҳа омад, бибии пир зимни насиҳату дилбардориҳо як қиссаи тозаашро, ки барои ӯ дер боз дар зеҳни худ гиреҳ баста монда буд, ҳикоят кард.
Дар як замон, дар як макон се марди ҷалои ватан дар роҳи сафар ба ҳам расидаанду ҳамроҳ гаштаанд. Роҳ рафтаанд, роҳ рафтаанд, ҳафтаву моҳ рафтаанду ба дараи кӯҳе даромадаанд. Пайроҳае қад-қади наҳри пурталотум ва шӯрангез тӯл кашида, дар тори сари онҳо шаху зовҳои баланду даҳшатафкан соя андохтаст. Рӯи шахи сари роҳ ин суханон сабт будаст: «Роҳи бегуноҳон». Ҳар кӣ гуноҳе дорад, аз ин роҳ саломат намерафтаст. Мусофирон аз роҳ истода, машварат мекунанд. Яке аз онон, ки соҳиби деҳае будаст, мегӯяд:
«Дар ин ҷаҳон гуноҳ нокарда касе нест. Агар замоне ба одамон сахтдастӣ кардаам, ҳеҷ боке нест, дар ивази гуноҳам чандин кори савоб дорам: масҷид сохтам, қурбониҳо кардаам, ба шайхон назр додаам, тоату ибодат ва намозам канда не. Ба сари ман дар ин роҳ санге намезанад». Дигаре мегӯяд, ки тарозудор буд, аз ҳақи мардум мезад, моли касонро бо зӯри ақлу тадбир мегирифт, аммо растаеро обод кард, ҳавз сохт, ҷӯй гузаронд, корвонсарое барпо кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё