Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Саҳви ман шуд, ки Кабирро дуруст насанҷида, надониста ҳамроз гаштам. Агар бадиққаттар менигаристам, майдагапиаш маълум... Аслан, чандон ҷавони бад ҳам не, худам инҷиқ гаштаам, вуҷудам пур аз шубҳаю хавф шудаст...»
Ирина аз дар даромада гӯшаки радиои деворро тофт ва риштаи андешаи Занҷирро барканд. Савти рубоб ва овози дилнишини Ҷӯрабек Муродов хонаро пур кард.
— Ҳофизи дилписандат мехонад, — гуфт Ирина дар ҳавои тарона ба рақс даст кушода. — Ба ман рақси тоҷикиро омӯз, ман ба ту танци русиро ёд медиҳам, Занҷир. Бо ҷавонон оғӯш ба оғӯш мерақсӣ! Эҳ, ба дасту бозуи мард такья кардан чунон нағз, чунон нағз! Э, ту хока медонӣ! — Ирина лаҳзае чашмонашро пӯшида, хаёлан худро дар оғӯши ҷавоне тасаввур кард магар, лабонаш ба табассуми ширин моил шуданд. — Биё, ин бегоҳ туро ба боғ ба рақс барам? Меравӣ?
— Девона шудам магар?
— Ту то кай побанди урфу одатҳои феодалӣ мемонӣ, ҳеҷ намедонам. Ҳой, олам дигар шуд, чашматро кушо!
Ҳамин рӯзатро дону ишрат кун, фардо чӣ мешавад, худо медонад. Ҳозир зану мард баробаранд, якдигарро шинохта, озмуда...
— Ба ҳоли худам намемонанду... Ду соат пеш на Салима буд, на ту, ба хона ҳамон даллаи Бадалбек омад.
— Хуб, чӣ гуфт?
— Чӣ мегуфт, маро барои Бадалбек хостгорӣ дорад.
— Ба ман нигар, агар ин хел муштипар барин хонашин бошӣ, вай аз ту умедашро намеканад. Баро,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё