Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Даъват кардан лозим...
— Ту биист. Кӣ омад, Занҷир? — Салима тӯрхалтаи дасташро рӯи миз ниҳоду ба чашми Занҷир нигарист.
— Ҳамон занак... Миёнчии Бадалбек амакатон, — кинояашро пинҳон надошт вай.
— Амаки ман не, амаки худат. Чи гуфт? Ба хона даромад? — чашмони сабзашро калон карда ташвишомез пурсид Салима.
— Даромад. Чӣ буд? — Аз ташвиши ваҳмангези Салима дар ҳайрат, маънии пурсукови ӯро нафаҳмида саргаранг буд Занҷир. Вай ҳайрон буд, ки Салимаи баъзан тарафдори хостгории Бадалбек чаро аз омадани миёнчӣ дар таҳлука аст.
— Ин далла хеле вакт боз фурсат мепоид... Чӣ гӯям, духтари гарангӣ ту, Занҷир!.. Ин хел далла барои ту катӣ чой хӯрдан ба хона намеояд. Метарсам, духтарҷон, ба бағали ҳамон амаки мӯйлабдарозат медароӣ-дия. Хайр, аслан, шавҳари кори калон аст, аммо чи кунам, ки каллаи ту пури бод аст.
Занҷиру Ирина ба маънии сухани ӯ ба дурустӣ сарфаҳм нарафта, бо тааҷҷуб ба чашми ӯ нигаристанд.
Салима аз авзои онон матлабро пай бурду ҳукми худро тавзеҳ кард:
— Ин далла дили туро бо ягон афсун ба он амак гарм кардагӣ. Вай фақат аз паи ҳамин кор ба хона меояд.
— Ҳолӣ ҳам ту ба ҳамон афсонаҳо бовар мекунӣ? — гуфт Ирина ва даст афшонду рафта дар кати худ дароз кашид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё