Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

амал чандон бовар надошт. Ҳоло ин банду латтаҳоро дида, дилашро якбора ваҳм гирифт, гулӯяшро чизи номаълуме хафа карда, дилаш дар қафаси сина танг гашт. Ӯ зуд бархоста, ба ҷое рафтан бо ягон кас маслиҳату машварат кардан мехост, аммо ончунон саргаранг буд, ки ҳарфе ба забонаш намеомад.
Салима сӯзондани он риштаю латтаҳоро бори дигар дастур доду аз паи кори худ шуд, аммо Занҷир беқарор ба он чиз менигаристу бесабаб хонаро мегашт, гоҳ назди тиреза рафта ба берун назар меандохт, оҳиста оҳе мекашиду баргашта ҷевони либосро мекофт. Ҳоло вай ба ёд овард, ки дар деҳа ба зиндагию ҷудоии чандин ҷуфт зану шавҳарон мардум афсуни гарму хунукро сабаб медонистанд. Обиди духтур Хосияти хӯшруйро аз шавҳараш дилхунук кард, оқибат ҷудоӣ андохту гирифт, мегуфтанд. Бадалбек чӣ, худи Бадалбекро ҳам занаш ҳеҷ намехостаст, шум чӣ амале карда, дили падари духтарро ба худ гарм кардасту вай ба майли духтараш нигоҳ накарда, рӯмолча додаст. Духтар баъди ба хонаи Бадалбек омадан ҳам, як-ду моҳи аввал шавҳарашро ҳеҷ хуш надоштаст, аммо баъд дилгарм гаштаст. Ҳоло зан мегуфтаст, ки Мулло Сиддиқи Навкатӣ мурданду меҳри дили ман ҳам ба ин бало адо шуд. Ҳамаи ин дурӯғ аст ё рост, ҳеҷ кас намедонад. Наход, ки дурӯғ гӯянд? Агар маро ба он шум гарм карда бошанд, чӣ мекунам? Наход ки ба ҳамон марди ҳамсоли додом зан шавам?! Чӣ кор кунам, чӣ чора? Салима ба назди касе мебарам гуфт, он одам ин афсунро гардонда метавониста бошад ё не? Ба деҳа рафта бибиам катӣ маслиҳат мекунам... Аслан, барои чӣ ба ин хурофот бовар дорам? Мавҳумот бечораю дармондагонро зуд таъсир мекунад, гӯён дар куҷое хонда будам.

пешина
аз 538
навбатӣ