Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Баъзе арӯсонро аз ваҷҳи падару модар, амаку тағои корбудкун ё пуртаъсирашон тарафи домод иззат мекунанд, сахт намерасанд. Ҳамсари ман бояд ба худам мувофиқ бошад.
Кабир барои чӣ маро саросема мекунад, ҳеҷ ақлам намегирад. Модараш аз ҳамкорзанон маро пурсидаст.
Ҳатто яке аз хоҳаронаш ба корхона омада, маро дидаст.
Ба Кабир чӣ хел фаҳмонам, ки ман зоҳири ӯро не, дили ӯро дида, шинохта сонӣ... Ба вай осон аст, лекин агар ман пушаймон шавам, чӣ мекунам? Шикастапораҳои умедамро, ҳаётамро ба назди кӣ мебарам? Салима мақсади маро намефаҳмад «хайр, шавҳар кун, агар нағз бошад, зан мешавӣ, ба дилат нафорад, чор тарафат қибла мегӯӣ, ними ҳавлиашро девор зада мегирию аз хобгоҳ халос мешавӣ» мегӯяд. Намедонад, ки ба ман ҳеҷ чизи вай даркор не, агар ноодам барояд, сарамро гирифта меравам, дигар илоҷам нест. Лекин ба куҷо меравам?.. Не, мурданам авло. Дар деҳа мегӯянд, ки ана, агар духтари бамаънӣ мебуд, даст ба даст намешуд. Ман мехоҳам бо ҳамсарам монанди гӯшту нохун пайванд бошам. Кӣ ба ман кафолат медиҳад, ки Кабир ҳамин гуна шавҳар мешавад? Кӣ? Ана, барои чӣ одамон қалинро фикр карда баровардаанд! Ҷавонон осон зан гирифта, сабукфикрона ҳаёти духтарро нашикананд! Аз ду сар қалинро мегиранду дар ивази он духтар асбоби рӯзғорашро омода карда, ба хонаи домод меравад. Хуб, одамони хондагӣ мегӯянд, ки муҳаббат кафолатдор аст.
Лекин муҳаббат эҳсос аст, ҳисси одамӣ ҳар хел мешавад
— баъзе чуқуру устувор, дигаре зудгузар, нопойдор. Не, духтар ҳаёташро ба эҳсос супурда наметавонад. Ба ман

пешина
аз 538
навбатӣ