Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Ҳафт-ҳашт сол пеш аз даҳони як одами калон шунида будам, як байти ғалатӣ буд... Ҳозир... Аз Умари Хайём гуфтанду навишта монда будам... Ҳозир... — Бадалбек зӯр зада ҷабин мехориду таҳхонаи ноободи хотироти худро тагурӯ мекард. — Ҳа, ёфтам. Ҳамин ки аввалашро ёбед, сабил.
Ана, гӯш кунед: «3-он пеш, ки ғамҳот шабехун оранд, Баргӯй, ба мо шароби гулгун оранд. Ту зар наӣ, эй ғофилу нодон, ки туро, Дар хок ниҳанду боз берун оранд!» Зӯр гуфтаст-а!.. Хуб, рафтем, Кабирҷон, — вай аз бозуи ӯ гирифту онҳо ба роҳ даромаданд.
— Охир, ман... — оҳиста эътироз кардан хост Кабир.
— Додар, ман одами дилкушоду беғашу гил, бекина, аз дастам ояд, ба ҳама ёрӣ мекунам, аммо бадӣ намекунам, — ба баҳонаҷӯии ҳамроҳаш беэътино буд ӯ.
— Бахилию ҳасад гуфтанӣ чизро намедонам. Одам, ки бахил шуд, яктааш ду намешавад, намешавад, додар. Аз афти кор, ин хелҳо ба худо ҳам маъкул не-дия, ягон бахил одам шуда, ба рӯи об набаромадаст, агар баромада бошад ҳам, ман надидаам. Ҳамсояам агар мошин харад, ман аз таҳи дил хурсанд мешавам. Барои чӣ? Аввало, агар ҳамсоя осуда бошад, шумо ҳам осудаед.
Сониян, дар зарурат мошини вай ба ман ҳам кор медиҳад-ку! Агар дар сари роҳ бинад, партофта намегузаштагист-ку! Шабу нимишаб агар бемор шавам, ба духтур мебурдагист? Гапам дуруст аст ё не?
Онҳо аз пайраҳа оҳиста-оҳиста мерафтанд. Бадалбек баъзан аз роҳ истода, аз остин ё гиребони пиҷаки Кабир медошту суханашро тасдиқ мекунонд. Дар дили Кабир туғьёни дигаре барпо буд: «Агар алоқамандии маро бо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё