Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

мегӯянд, хилофи муъминон меҳисобанду аммо ҳеҷ яке аз фикри нафъи худ, аз фоидаҷӯӣ озод нестанд. Агар дурусттар мулоҳиза кунем, Шарқро асрҳо ҳамин ҳирсу тамаъи фарзандонаш поймоли сармояҷӯёни бегона кардааст. Англис ҳам, фарансавӣ ҳам бо андаке сармоя ва имтиёзе сарони миллатеро мехариданду... Хайр, ку ман ба дили ин гов даст андохта нигарам. Феодали ҳозиразамон. Бо ин гаданги пулмаст чӣ хел муомила карданро бояд фикр кунам...»
Аз дарбон то пешхизмату мудири ресторан — ҳама Бадалбекро мешинохтаанд, ӯро бо ҳурмат истиқбол карданд. Мардумони дигар барои ба ресторан даромадан соатҳо дар беруни дар навбати худро интизор мешуданд, баъди ворид шудан ҳам, баъзе мизи мувофиқи табъ кофта саргардон буданд. Кабиру Бадалбек аз дари қафои ресторан даромаданду бо ҳидояти як тан пешхидмате, ки ба вай Бадалбек номи касеро гуфта афсун кардагӣ барин гӯш ба фармон сохта буд, ба пешгоҳи толор рафта, сари яке аз мизҳои покизаи барои меҳмонони хориҷӣ тахсис шуда нишастанд. Ҷавонзани нозофарине, ки хандаю ишваҳои ширинаш дилҳоро адо мекард, бетаъхир аз паи хизматгузорӣ шуд ва лаҳзае аз миён нагузашта дастархон аз салату газакҳои гуворо — аз мурғ то моҳӣ моломол буд. Тобиши коньяки фаронсавӣ дар ҷомҳои булӯрӣ чашмҳоро мебурду худ аз худ лаззати хумор мебахшид.

пешина
аз 538
навбатӣ