Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Торикӣ фуромад, баоси гову гӯсолаҳо пасанда гашт, овози одамон, бонги мошинҳо ҳам сокит шуд. На аз Шогадо дараке буду на аз меҳмонон. Дар молхона, ду-се нафар молбонҳо буданд, ки одатан, дар ин вақти шом ба назди посбон омада, ӯро ба чойхурӣ даъват мекарданд, вале имшаб қасд кардагӣ барин ҳеҷ яке аз онҳо садое намебаровард. Агар ҳозир онҳо аз дарвозаи боғча дароянд, Занҷир ҳозир буд дастонашро бибӯсад. Ҳар рӯз вай чандин бор онҳоро медид, салом мекарду ба рӯи онон нанигариста, аз паи кораш медавид. Вай ҳеҷ гумон надошт, ки имрӯз ба қадами онҳо ин қадар зору муштоқ мешавад.
Занҷир гӯшту пиёзро бирьён карду каме картошка пӯст канда онро ҳам ба дег андохта таф дод. Сонӣ ба кабоб андаке об рехту бо табақи сирдор буғ кард. Қӯри оташдонро пеш кашиду саросема бархоста, ба сӯи хона рафт, то рухсат гираду биравад.
Бадалбек шароб мехӯрд. Занҷир ба дарун надаромад, нияти даромадан ҳам надошт. Ҳоло шишаи шароб, авзои мудир, тобиши ғайриоддии чашмони вай вуҷуди ӯро ба ларза оварданд. Бадалбек бо табассуми мастона пиёлаи дасташро ба дастархон монда аз ҷо бархосту пеш омад. Ин гуна табассуми мастонаи ӯро Занҷир борҳо дида буд ва медонист, ки мудир ҳоло ба вай кӯҳ-кӯҳ ваъда мекунад. Сараввал ба дил қарор кард, ки «Хайр, ман рафтам» гӯяду гурезад, вале ғурури ҷавонӣ бошад ё иззати нафс иҷозаташ надод, ки тарсу ҳаросашро маълум кунад.
— Дам партофтам... Амак, акнун ман меравам.

пешина
аз 538
навбатӣ